Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикои Лотин нуқтаи доғи COVID-19 боқӣ мемонад


Беморхонае дар шаҳри Манауси Бразилия. Моҳи маи соли 2020
Беморхонае дар шаҳри Манауси Бразилия. Моҳи маи соли 2020

Дар Амрикои Лотин беш аз 1,5 миллион ҳолати олудагӣ ба Covid-19 ба қайд гирифта шудааст. То 12 июн шумори сокинони фавтида дар Бразилия ҳудудан 41 ҳазор ҳолатро ташкил дода аз нишондодҳои Бритониё ҳам гузашт. Рӯзи 11 июн дар Бразилия 1239 нафар бар асари коронавирус кушта шуданд ва 30 ҳазор ҳодисаи нави олудагӣ ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмӯъ дар ин кишвар ҳоло 803 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд. Ин кишвар баъди ИМА дуюм аст, дар Амрико шумори олудашудаҳо аз 2 миллион нафар гузашт. Бар асоси омор, чандин кишвар ҳамоно дар талоши назорат аз вазъият аст. Рӯзи 11 июн дар Русия шумори олудашудаҳо аз 500 ҳазор нафар бештар аст. Дар Эрон аз 180 ҳазор ҳолат гузашт ва Украина гуфт, ки “афзоиши нигаронкунанда” мушоҳида мешавад ва дар як рӯз шумори ҳодисаҳои тоза олудашудаҳо 689 ҳолатро ташкил додааст. Бо вуҷуди ҳушдорҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи ҳамоно доғ будани хатари пандемия, бисёр минтақаҳо ба сабук кардани меъёрҳои маҳдудкунанда идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG