Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Дар Қашқадарё кормандони буҷавиро ба муҳофизати киштзорҳо мефиристанд

Гандумзор дар Самарқанд.
Гандумзор дар Самарқанд.

Дар ноҳияи Косони вилояти Қашқадарёи Узбекистон омӯзгорон ва кормандони бонкҳову нозирони андозро ба муҳофизати заминҳои ғалла мефиристанд то ин ки кишоварзон гандуми киштаи худро ғорат накунанд. Дар ин бора мудири яке аз мактабҳои ноҳияи Косон хабар дод.

"Ба мо гуфтанд, ки "вазифаи шумо - назорати кишоварзон аст, то ин ки онҳо ғаллаи киштаашонро надузданд". Ҳарчанд кормандони милиса ва горди миллӣ дар киштзорҳо ҳузур доранд, аз мо ба унвони неруи изофӣ мехоҳанд, истифода кунанд. Вақте ба деҳқонон менигарем, виҷдонамон моро нороҳат мекунад. Ҳамаи кори вазнинро онҳо анҷом медиҳанд ва ба болои ин мо онҳоро назорат мекунем. Ба илова деҳқонон дар рӯз ду дафъа ба мо ғизо медиҳанд", - гуфт мудири мактаб, ки нахост нома зикр шавад.

Ҷамъоварии ҳосили гандум зери назорати милиса дар Узбекистон ба як таҷрибаи оддӣ табдил шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

навшуда

Шаҳри Волгоград дубора Сталинград мешавад?

Президенти Русия Владимир Путин ваъда дод, ки ба сари пешниҳоди раҳбари ҳизби коммунист Геннадий Зюганов дар бораи аз Волгоград ба Сталинград табдил кардани исми шаҳри маъруфи Русия «андеша мекунад». РБК навишт, Путин 18 сентябр дар мулоқот бо раҳбарони ҷиноҳҳои ҳизбии Думаи давлатӣ ба пешниҳоди бозгардони исми пешини шаҳри Волгоград гуфт:

«Бояд андеша кунем. Инро сокинони маҳаллӣ ҳал мекунанд, вале дар маҷмӯъ ҳамаи он чизе, ки бо Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳам нақше, ки Сталин дар ин ғалаба доштааст, ба инобат гирифта ва кӯшише шавад, ки ранги сиёсӣ нагирад».

Путин инчунин гуфт, дар бораи саркӯбҳои давраи ҳукумати сталинӣ ва баробар бо он, нақше, ки «ин шахси муайян дар ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги ҷаҳон доштааст, набояд фаромӯш шавад».

РБК ёдовар шудааст, ки Путин соли 2017 дар мусоҳибааш ба коргардон Оливер Стоун гуфт, дар Ғарб "аз ҳад зиёд бад нишон додани» Сталин як василаи ҳамла ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия шудааст.

Таҷлил аз 80-солагии Гулназар Келдӣ дар Тоҷикистон

Муҷассамаи шоирро 11 июли соли 2025 дар маркази ноҳияи Айнӣ бо иштироки  президенти Тоҷикистон ифтитоҳ карданд
Муҷассамаи шоирро 11 июли соли 2025 дар маркази ноҳияи Айнӣ бо иштироки  президенти Тоҷикистон ифтитоҳ карданд

Ба ифтихори 80-солагии марҳум Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ки муаллифи Суруди миллӣ мебошад, дар Душанбе ва вилояти Суғд маросимҳои ҷашнӣ барпо мегарданд. Қарор аст рӯзи 20 сентябр ба ифтихори ин сана дар зодгоҳи шоир - ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо иштироки адибони тоҷик маросими ёдбуде барпо шавад. То он замон чандин маросиме дар шаҳри Душанбе ва ҳам маркази ноҳияи Айнӣ барпо гардид.

Рӯзи 18 сентябр дар Душанбе маҳфили адабию ҳунарие ба ифтихори зодрӯзи шоир бо иштироки шоирон, нависандагон ва аҳли адаб баргузор гардида, ба навиштаи «Ховар», иштирокчиён аз нақши шоир «дар ташаккули андешаи миллӣ, тарғиби ватанпарастӣ ва рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуданд». Рӯзи 16-уми сентябр дар маркази ноҳияи Айнӣ, дар назди муҷассамаи шоир маҳфили “Шоми Гулназар” баргузор гардид.

Гулназар Келдӣ, ки аз солҳои 1970-ум ба арсаи адабиёт ворид шудааст, муаллифи даҳҳо маҷмӯаи ашъор мебошад. Ӯ то охири умраш як адиби фаъол ва озодандеш буд ва борҳо назарҳои танқидиро дар бораи вазъи иҷтимоиву сиёсӣ ваё шеъру адаб дар Тоҷикистон баён кардааст.

Аз ҷумла, дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ соли 2011 дар бораи сабабҳои гӯё беарзиш шудани сухан дар ҷомеа гуфт: «Ҳар вақт, ки мушкилӣ ҳаст, адабиёт пеш намеравад. Чаро дар замони Сомониҳо адабиёт пеш рафт, ин қадар шоиру нависандаҳо ба майдон омаданд, устод Рӯдакӣ пайдо шуд? Чунки замони хуб буд. Замона хуб шавад, адабиёт ҳам хуб мешавад ва мардум ба адабиёт рӯ меоварад."

Гулназар Келдӣ рӯзи 13 августи соли 2020 дар давраи пандемияи короновирус дар синни 75-солагӣ даргузашт.

ИМА қатъномаи Шӯрои Амният дар бораи қатъи ҷанги Ғаззаро "вето" кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба қатъномаи нави Шӯрои амният дар бораи ҷанг дар Ғазза "вето" гузошт. Ин қатънома талаб мекард, ки дар Ғазза "оташбаси фаврӣ, беқайду шарт ва доимӣ" ҷорӣ шавад ва Исроил ҳама гуна маҳдудият барои вуруди кумакҳои башардӯстонаба ин минтақаро бекор кунад. Ҳамаи 14 узви Шӯрои амният аз ин қатънома пуштибонӣ карданд.

Ин санад баъд аз он таҳия шуд, ки Созмони Милал моҳи август баъди ду соли ҷанг бори аввал дар Навори Ғазза қаҳтӣ эълон кард. Дар қатъномае, ки аз сӯи даҳ узви Шӯрои амният таҳия шуда буд, ҳамчунин талаб мешуд, ки "Ҳамос" ҳамаи гаравгонҳоро бидуни қайду шарт озод кунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

Кристин Лассен, сафири Дания дар Созмони Милал гуфт, ин қатънома паёми рӯшане аст, ки Шӯрои Амният аз талошҳо барои барқарории оташбас дар Ғазза, гуруснагӣ дар ин минтақа ва озодии гаравгонҳо даст намекашад.

Намояндаи Исроил дар Созмони милал гуфт, ин қатънома "гаравгонҳоро озод ва ба минтақа субот намеорад".

Сафири Амрико дар Созмони Милал гуфт, кишвараш ин қатъномаро қабул надорад ва вақти он расидааст, ки "Ҳамос" ҳамаи гаравгонҳоро озод карда, таслим шавад.

Боздошт 4 тан дар Душанбе барои рафтан ба назди фолбин

Пулиси Душанбе аз муҷозоти чор нафар барои рафтан ба назди фолбин хабар додааст. Мақомот мегӯянд, ду нафар аз инҳо духтарони ҷавон ва ду каси дигар занони миёнсол ҳастанд.

Маълум нест, ки онҳо барои чӣ ба назди фолбин рафтаанд. Мақомот гуфтанд, нисбати ин чор нафар бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ санад тартиб додаанд.

Моҳи июли имсол ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод кард, ки барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ва истифода аз кори онҳо ҷазо таъйин карда шавад.

Дар санаде, ки Вазорати адлия нашр кард, дида мешавад, ки барои рафтан ба назди сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 375 то 750 сомонӣ), ҷарима таъйин шудааст.

Вале Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар хабарномае навишт, муштариёни фолбин ва ҷодугарҳо аз 3700 то 4500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо, худдорӣ кунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта хабар дода буд, ки мизоҷони фолбинҳо ба шуъбаҳои ВКД даъват шуда, номашон дар махзанҳои алоҳида бо расмҳояшон гузошта мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон давоми як соли ахир маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз кардаанд. Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия вазъи муҳоҷиронро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия.
Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия.

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия мавзӯи шароити муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кардаанд. Ин дидор дар шароите баргузор мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик аз мавҷи нави рейдҳои пулис дар Русия шикоят доранд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо Владимир Колоколтсев 17-уми сентябр дар Чин баргузор шудааст. Ба қавли манбаъ, ду тараф дар бораи "масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар намудани шароит ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия", сӯҳбат кардаанд.

Аммо ҷузъиёти бештар аз ин вохӯрӣ нашр нашудааст ва барои ҳамин маълум нест, ки ду тараф дар бораи беҳтар кардани вазъи муҳоҷирони тоҷик ба чӣ хулоса расидаанд.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз рейдҳои пулиси Русия ва кӯмак нагирифтанашон аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир зиёд шудааст. Пас аз ба анҷом расидани мӯҳлати қонунигардонии муҳоҷирон дар рӯзи 10-уми сентябр, мақомоти Русия ба рейдҳои сартосарии пур аз хушунат даст задаанд.

Пештар мақомоти Русия гуфта буданд, ки беш аз 700 ҳазор муҳоҷир дар ин кишвар санади дуруст барои ҳузур дар ин кишварро надоранд ва агар то 10-уми сентябр санадҳояшон аз нав таҳия нашаванд, аз кишвар ихроҷ мешаванд. Дар фурудгоҳи "Внуково" ҳам гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикро нагузоштаанд вориди Русия шаванд.

Тақдими 2600 китоби электронӣ ба Маркази мероси хаттии Тоҷикистон

Хабарнигори пешини Радиои Озодӣ дар Қазоқистон Насибҷон Амонӣ (аз чап) бо Раҳматкарими Давлат, мудири Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар маросими тақдими китобҳои электронӣ.
Хабарнигори пешини Радиои Озодӣ дар Қазоқистон Насибҷон Амонӣ (аз чап) бо Раҳматкарими Давлат, мудири Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар маросими тақдими китобҳои электронӣ.

Дар Душанбе дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чанде пеш маросими муаррифӣ ва тақдими беш аз 2600 нусха китоби электронӣ ба хатти форсӣ баргузор гардид. Нависанда ва ходими илмии ин марказ Наҷмиддин Шоҳинбод дар саҳифаи фейсбукиаш дар ин бора хабари муфассале нашр намуда гуфтааст, ки Китобхонаи электронии адабиёти ҷаҳон ҳоло дар 135 ҳазор муассиса, китобхона, Маркази эроншиносӣ, муассисаи илмии таърих ва шарқшиносӣ маҳфуз аст.

Феҳрист ба ибтикори Насибҷон Амонӣ, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон ва Тоҷикистон ва хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ дар Алмаато ва инчунин донишманди эронӣ Муҳаммадҷаъфари Шайх Султонӣ таҳия шудааст.

Амонӣ дар суханронии худ гуфтааст, ки “бо дӯсти эрониам Муҳаммадҷаъфари Шайх Султонӣ, ки дар шаҳри Алмаато зиндагӣ мекунад... дар муддати чанд моҳ беш аз 1600 китоби электронӣ ба хати форсӣ ва беш аз 100 китоби гӯё ё савтӣ гирд овардем. Ва қарор кардем, ки ин китобҳоро ба Тоҷикистон биёварему ба Маркази мероси хаттӣ тақдим кунем».

Дар миёни китобҳои тақдимшуда ба хату забони форсӣ, аз ҷумла, асарҳои Гёте “Фауст”, Ҷорҷ Оруэл “1984”, Пабло Неруда “Абадияти як бӯса”, Эҳсон Табарӣ “Абулфазли Байҳақӣ ва ҷомиаи ғазнавӣ”, Бартолт Брехт “Оперо барои бенавоён”, Вилям Шекспир “Отелло”, Чарлз Диккенс “Орзуҳои бузург” ва садҳо китоби дигар мебошанд.

Амонӣ гуфтааст, дар Тоҷикистон «осори классикони ҷаҳон бо хати сириллик кам тарҷумаву чоп шудааст, мо қаблан ва ҳоло ҳам бештар он асарҳоро дар тарҷумаи русӣ ва имрӯз ҳатто ба забони англисӣ мехонем. Табиист, ки ҳангоми тарҷумаи асари нависандаи масалан, англис ё итолиёвӣ... ба забони русӣ дар он тарҷума хоҳу нохоҳ фарҳангу дороиҳои забонӣ, аз ҷумла равону зарбулмасалу мақолҳои русӣ низ нуфуз мекунад. Вале ҳангоми тарҷумаи он асарҳо ба забони форсӣ ба он асарҳо фарҳангу дороиҳои забонии худамон ворид мегардад, ки дар натиҷаи хондани чунин тарҷумаҳои форсии осори бузургони ҷаҳон мо бурди чандҷониба мекунем, яъне ҳам лаззати маънавӣ мегирему ҳам фарҳангу дониши забониамонро ғанӣ месозем ва ҳам сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ахлоқамонро боло мебарем”.

Барои доираи васеи хонандагон дар Тоҷикистон ва берун аз он китобҳои тақдимшуда ба забони форсиро мешавад тавассути Маркази мероси хаттӣ бо суроғаи merosikhatti@inbox.ru дархост ва истифода намуд.

Лукашенко дар зиндон будани Статкевичро тасдиқ кард

Александр Лукашенко, раҳбари Беларус гуфт, ки Николай Статкевичи 69-соларо, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни озодкунии маҳбусони сиёсӣ нахост кишварашро тарк кунад, мақомоти қудратӣ «бурдаанд». Лукашенко дар ин бора рӯзи 17 сентябр дар ҷараёни мулоқот бо тарафдорони ҳукумат изҳори назар кард. Лукашенко гуфт, қарори аз зиндон озод кардани Статкевичро бо сабаби бад будани вазъи саломатии ӯ қабул кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Ин одам дар поёни умраш аст, базудӣ, худо накарда, дар зиндон мемурад. Ба ӯ ин корҳо чӣ даркор? Вай мехоҳад раҳбар бошад». Худи Лукашенко 71-сола аст.

Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Беларус бо гузашти як ҳафта аз ҳодисаи нопадидшавии ӯ дар марзи Беларусу Литва макони будубоши Статкевичро шарҳ намедоданд.

Лукашенко дар идома инчунин гуфт:

Статкевич «гӯё ба он ҷо, ба минтақаи ҳоил ворид шуда ба назди литвониҳо рафт. Бачаҳо пурсиданд: «Ту ба Беларус баргаштанӣ ҳастӣ, о туро ба зиндон…» (Статкевич гуфтааст): «Ба зиндон меравам». «Хеле хуб». Ӯро бурданд. Монда намераванд-ку. Ӯ ба ҳар ҳол одами худи мо аст. Яъне шаҳрванди мо. Ба Беларус бурданд. Чаро ӯро хафа кунанд? Агар ӯ хоҳад, ки пешвои оташ задани мошину хонаҳои милисаҳо бошад, бигузор дар он ҷо (дар зиндон) истад, - гуфт Лукашенко. – Каме мубориза бурд, бас аст, хуб, ин ҳам қиссаи дигар аст».

Николай Статкевич соли 2020 номзадии худро барои иштирок дар интихоботи президентӣ пешбарӣ намуд ва то ҳол маҳбуси маъруфтарини сиёсӣ дониста мешавад. Рӯзи 11 сентябр мақомоти Беларус 52 зиндонии сиёсро аз маҳбас озод карданд ва дар миёни онҳо Статкевич ҳам буд. Шоҳидон гуфтанд, ки вақте маҳбусони сиёсиро савори автобус ба самти минтақаи ҳоил дар марз бо Литва интиқол медоданд, ӯ аз дохили автобус берун шуда фирор намуд.

Ба Беларус ӯро одамони ниқобпӯш бурданд. Аз он замон дар борааш ҳеҷ маълумоте дар даст набуд. Ҳоло ҳам маълум нест, ки ӯро дар куҷо нигоҳ медоранд.

Нашрияи мустақили беларусии "Наша Нiва" бо такя ба як «манбаи боварбахш» гуфт, ки Статкевичро ба зиндони шаҳри Глубокое дар вилояти Витебск интиқол доданд. Ӯ дар ҳамин маҳбас мӯҳлати ҷазояшро сипарӣ мекард. Декабри соли 2021 ӯро ба 14 соли зиндон маҳкум карданд.

Ҳамсари Статкевич Марина Адамович дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки ба зиндони Глубокое рафт, то дар бораи макони будубоши шавҳараш пурсад, вале ба ӯ тасдиқ накарданд, ки ҳамсараш дар ин муассиса қарор дорад. Ин зан гуфт, ки маъмурияти зиндон ба ӯ ваъда дод, ки ба дархосташ дар 15 рӯз ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад.


Барои аризаи Гринкорт пардохти 1-долларӣ ҷорӣ шуд

Департаменти давлатии ИМА барои хоҳишмандони иштирок дар лотереяи ҳақи иқомат дар Амрико ё Гринкорт пардохти ҳатмие дар ҳаҷми 1 долларро ҷорӣ намуд. Огаҳиномае дар ин бора дар сомонаи Реестри федеролии ИМА нашр шудааст. Акнун хоҳишмандони ширкат дар лотерея баробари пур кардани аризаи худ бояд 1 доллар маблағро пардохт кунанд.

То ҳол ин кор бепул анҷом мешуд ва танҳо дар сурати бурд дар лотерея баъдан 330 доллар маблағро ба ҳангоми баррасии парвандаашон пардохт мекарданд. Департменти давлатӣ гуфтааст, ки ин чора барои аз иштирок дар маъракаи пуртарафдор дар сайёра хориҷ кардани шахсони тасодуфӣ мусоидат мекунад. Департаменти давлатӣ тахмин кардааст, ки аз ҳисоби ин пардохтҳо буҷаи давлат соле то 25 миллион доллар фоида мебинад ва шояд шумори аризадиҳандагонро коҳиш диҳад.

Лотереяи Гринкорт ё Корти сабз соли 1990 ҷорӣ шуд ва ҳар сол аз роҳи интихоби тасодуфӣ барои 50 ҳазор нафар ҳақи гирифтани иқомати расмӣ дар ИМА-ро фароҳам мекунад.

Таваҷҷӯҳ ба ин барнома дар миёни сокинони кишварҳои пасошӯравӣ хеле зиёд аст ва Узбекистон бузургтарин омори барандагони лотереяро дар соли ҷорӣ дошта, 5564 нафар посухи мусбат гирифтаанд.

Инчунин Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам дар миёни барандагони калони ин лотерея номбар мешаванд. Аз Тоҷикистон имсол наздики се ҳазор нафар барандаи лотерея шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон хост, саршумори ҷонварҳои нодир дақиқ карда шавад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти расмӣ ва донишмандон хостааст, саршумори чанде аз ҷонварҳои нодир, аз ҷумла, бабри барфӣ, морхӯр ва меши кӯҳӣ ва ё архарро аз нав дақиқ карда, ба ҳукумат гузориш бидиҳанд.

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар рӯзи 17-уми август ва дар ҳузури кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфт, дар Тоҷикистон дар 10 соли охир саршумори ҳайвоноти нодир, аз ҷумла морхӯр аз 1900 ба 6827 сар, Марко Поло аз 20 ҳазор ба 29 ҳазор ва бабри барфӣ аз 350 ба 500 сар афзоиш ёфтааст.

Ин ҷонварони нодир як даҳсола пеш дар вартаи нобудӣ қарор доштанд ва бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва талошҳои онҳо барои ҷилавгирӣ аз шикори ғайриқонунӣ, батадриҷ бештар шудаанд.

Морхӯр, аз нодиртарин ва гаронтарин ҷонвари шикорӣ дар Тоҷикистон аст, ки барои шикори як сари он 40 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби санаде мавсими шикори тирамоҳӣ дар Тоҷикистонро аз 1-уми сентябр эълон кард.

Имсол барои шикори 20 сар морхӯр, 132 гусфанди кӯҳии архар ё “Марко Поло”, 18 гусфанди бухороӣ ва 10 хирси нохунсафед иҷоза дода шудааст. Тибқи баъзе аз гузоришҳо, шикори ин ҷонварони нодир ва даромади он аз тарафи афроди баландпоя дар ҳукумат назорат мешавад.

Намояндагони Тоҷикистон ба нишасти Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ рафтаанд

Тоҷикистон як ҳайатро барои ширкат дар иҷлосияи 60-уми Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Женеваи Швейтсария фиристодааст.

Бар асоси амри президент Эмомалӣ Раҳмон, Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амният, Зариф Ализода, ёвари раиси ҷумҳур дар масъалаи ҳуқуқи инсон, ду муовини вазири корҳои дохилӣ, намояндагони Додгоҳи олӣ ва додситонӣ аз номи Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ ширкат мекунанд.

Раиси ҷумҳур дастур додааст, ки маблағи сафари намояндагони Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи кишвар пардохт карда шавад.

Ҷаласаҳои пӯшидаи иҷлосияи 60-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милал аз 17 то 23-юми сентябр дар шаҳри Женева баргузор мешаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқ, аз ҷумла Созмони Милал ҳукумати Тоҷикистон барои нақзи озодиҳои шаҳрвандон танқид мекунанд.

Феълан маълум нест, ки намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ дар кадом мавзӯъҳо баромад мекунанд.

Ширкати низомиёни тоҷик дар машқҳои СПАД дар Қирғизистон

Сентябри соли 2024, низомиёни СПАД аз Қирғизистон
Сентябри соли 2024, низомиёни СПАД аз Қирғизистон

Дар Қирғизистон рӯзи 17 сентябр машқҳои низомии нирӯҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) бо номи “Рубеж-2025” шурӯъ шуд.

Дафтари матбуоти ин созмон гуфтааст, машқҳо дар маркази тамринии назди Иссиқкӯл барпо шуда, ривояти он мубориза бо гуруҳҳои мусаллаҳи ба хоки кишварҳои узв воридшуда мебошад. Дар ин машқҳо воҳидҳои низомии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва ҳам гуруҳҳои ҳарбии ситоди муштарак ва котиботи СПАД иштирок мекунанд.

Дар хабари Интерфакс омадааст, ки шумори асосии низомиёни иштирокдори машқҳоро ҳарбиёни пойгоҳи 201-уми Русия ташкил медиҳанд, ки дар хоки Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Дар машқҳо 1200 нафар ва 500 адад техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла, техникаи махсус, ҳавопаймо ва чархболҳо истифода мешаванд.

Дар маросими ифтитоҳи машқҳои низомӣ Имонгали Тосмагамбетов, дабири кулли СПАД гуфт, «ҳоло хатари асосӣ ин эҳтимоли ба самти Осиёи Марказӣ аз қаламрави Ховари Миёна кӯчидани гуруҳҳои тундрави ифротгаро мебошад”. Ӯ ҷузъиёти аз ин бештар надод.

СПАД як созмони ҳарбии минтақаӣ аст, ки соли 1992 бо иштироки ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ таъсис шуд, вале дар солҳои баъдӣ аз узвияти он чандин кишвар, аз ҷумла Узбекистону Гурҷистон берун шуданд.


Дар Чехия беш аз 40 коргари идораи полис дар як вақт шикамдард шуданд

Ходими полиси Чехия ба ҳангоми ҳодисаи тирандозӣ дар донишгоҳи Карлови шаҳри Прага дар декабри соли 2023 дар назди ин муассиса қарор дорад
Ходими полиси Чехия ба ҳангоми ҳодисаи тирандозӣ дар донишгоҳи Карлови шаҳри Прага дар декабри соли 2023 дар назди ин муассиса қарор дорад

Дар шаҳри Прагаи Чехия ҳафтаи гузашта дар як вақт беш аз чил корманди як идораи полис бо нишонаҳои исҳол ё шикамдард ба духтур муроҷиат кардаанд. Сомонаи чехии iDNES рӯзи 17 сентябр навишт, ки ҳодиса ҳафтаи гузашта дар идораи полиси маҳаллаи Летна рух дод.

Таҳқиқ шурӯъ шудааст, вале фарзияи аввалия ин аст, ки эҳтимолан бемории ходимони полис хусусияти вирусӣ дорад. Ҳанӯз манбаи сироят маълум карда нашудааст, вале барои пешгирӣ аз ҳама гуна эҳтимоли бадтар шудани вазъ барои як муддат ошхонаи умумӣ ва буфети бинои идораи полис баста шуд.

Ҳана Мала, як намояндаи ин идораи полис ба нашрия гуфтааст: “44 корманд бо нишонаҳои сабуки шикамравӣ шикоят карданд. Таҳқиқоти микробиологӣ вуҷуди хусусиятҳои бактериологии бемориро тасдиқ накард. Инчунин ВКД ба ҳайси идораи таъмини амнияти ҷамъиятӣ таҳқиқи эпидемиологиро ба роҳ мондааст”.

Ӯ гуфт, ки тафтиши ошхонаву буфет ҳеҷ мушкилеро ошкор накард ва баъди анҷоми таҳқиқ ин ду муассисаи хӯроки умумӣ аз рӯзи сешанбе дубора корро аз сар гирифтанд. Мала гуфт, баъди он ҳодиса дигар шикояте дар бораи бад шудани саломатии ходимони идораи полис дарёфт нашудааст.


Айбдоршавандаи қатли Кирк: ӯ нафрати аз ҳад зиёд мепароканд

Тайлер Робинсон
Тайлер Робинсон

Тайлер Робинсон, ки ба куштани блогнавис ва фаъоли муҳофизакор Чарлӣ Кирк гунаҳкор мешавад, гуфт, Киркро барои он кушт, ки аз худ нафратро хеле зиёд паҳн мекард.

Дар нахустин мурофиаи парвандаи Робинсон дар аёлати Юта вай бар пояи чандин банди қонуни кайфарӣ, аз ҷумла “куштори дараҷаи аввал, истифодаи силоҳи оташфишон бо расонидани зарари ҷиддӣ, монеъ шудан ба умури адлия, фишор ба шоҳидон ва содир кардани ҷинояти зӯроварона дар ҳузури кӯдак” айбдор карда шуд. Ин айбномаро додситони аёлати Юта Ҷефф Греё эълом дошт.

Бино бар парвандааш, Робинсон дар сӯҳбат бо волидонаш эътироф кардааст, ки маҳз ӯ Киркро парондааст ва ният дошт барои наҷот аз ҳабс худкушӣ кунад. Дар бораи ангезаи худ Робинсон гуфтааст: «Бадӣ хеле зиёд аст ва ин шахс нафрати аз ҳад зиёд паҳн мекунад».

Дар ҳуҷҷатҳо ҳамчунин зикр шудааст, ки ҳамхона ва эҳтимолан шарики Робинсон як ёддошт ёфтааст: «Ман имкони нест кардани Киркро дорам ва аз он истифода мекунам». Ба гуфтаи ҳамхонааш, Робинсон беш аз як ҳафта кушторро омода мекард.

Илова бар ин дар мукотиба бо ҳамхонааш Робинсон хоҳиш кардааст, ки ӯ ин паёмҳоро пок кунад ва бо пулис ҳамкорӣ надошта бошад. Вай инчунин шикоят кардааст, ки падараш ҷонибдори ашаддии президенти ИМА Доналд Трамп шудааст.

Чанд соат пеш аз боздошт, ба навиштаи The Washington Post, Робинсон дар чати Discord навиштааст: «Салом, бачаҳо, ман барои шумо хабари бад дорам. <...> Ин ман будам дирӯз дар Донишгоҳи водии Юта. ИН ҳамаро ба ман бубахшед».

  • Чарлӣ Кирк, блогнавис ва фаъоли муҳофизакор, ки 31 сол дошт, рӯзи 10 сентябр бо тире, ки ба гарданаш бархӯрд, кушта шуд. Дар он лаҳза Кирк дар донишгоҳи аёлати Юта суханронӣ мекард. Трамп ин ҷиноятро «ваҳшиёна» номид.
  • Кирк яке аз онҳое ҳисобида мешавад, ки дар ҷалби шумораи зиёди интихобкунандагони ҷавон ба Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва худи Трамп дар интихоботи президентии соли 2024 ёрӣ кардааст.

"Бо амри Ҳайбатулло Охундзода". Интернети сокинони Балх маҳдуд шуд

Марде дар Урузгон аз интернети 4G истифода мекунад. Акс аз соли 2022
Марде дар Урузгон аз интернети 4G истифода мекунад. Акс аз соли 2022

Сухангӯи ҳукумати Толибон дар Афғонистон мегӯяд, раҳбари ин ҷунбиши тундгаро ба мақсади, ба гуфтааш, "ҷилавгирӣ аз бадахлоқӣ" дар вилояти шимолии Балх истифодаи нахҳои оптикии интернетро манъ кардааст.

Аз замони сари қудрат омадани Толибон дар соли 2021-ум ин бори аввал аст, ки идораҳои ҳукуматӣ, бахши хусусӣ, ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва хонаҳои сокинони Балх аз интернет маҳрум мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, интернети мобилӣ дар Балх фаъол боқӣ мемонад. Сухангӯйи ҳукумати Балх Ҳоҷӣ Атоуллоҳ Зайд ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфтааст, ки "манъи комил" бо ҳукми раҳбари Толибон Ҳайбатулло Охундзода ҷорӣ шудааст.

Маълум нест, ки чаро чунин қарор маҳз вилояти Балхро марбут аст ва оё ин ҳукм ба дигар вилоятҳои Афғонистон тавсеа хоҳад ёфт ё на?

Дар гузашта мақомдорони Афғонистон ҳангоми чорабиниҳои дастаҷамъӣ истифодаи интренети мобилиро манъ мекарданд, то аз инфиҷори маводи тарканда пешгирӣ шавад.

Мақомоти эронӣ нагузоштанд маросими ёдбуди Маҳсо Аминӣ барпо шавад

Амҷад Аминӣ дар назди акси духтари ҷавонмаргаш истодааст. Январи соли 2025
Амҷад Аминӣ дар назди акси духтари ҷавонмаргаш истодааст. Январи соли 2025

Мақомот дар Эрон пеши роҳи наздикону ҳаводоронро барои барпо кардани маросими ёдбуди Маҳсо Аминии соли 2022 дар идораи полис даргузашта гирифтанд. Радио Фардо менависад, 16 сентябр, ки рӯзи марги духтари 22-сола дониста мешавад, падари Маҳсо – Амҷад Аминиро ба идораи полиси шаҳри Саққиз дар Курдистони Эрон даъват ва аз ӯ тақозо карданд, ки ба хотири ёдбуди духтари ҷавонмаргаш ҳеҷ маросиме барпо накунад. Маҳсо Аминӣ баъди боздошташ аз ҷониби ходимони полиси ахлоқ дар Теҳрон бо иттиҳоми бадҳиҷобӣ дар шароити мармуз ҷон дод.

Наворҳои видеоии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки рӯзи 16 сентябр фурӯшгоҳҳо дар Саққиз баста буданд ва гуфта мешавад, ки ба нишони ёдбуд аз марги ин духтари ҷавон тоҷирон коршиканӣ карданд.

Як манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки аз рӯзи 14 сентябр ба ин сӯ дар наздикии хонаи Аминӣ ходимони амниятӣ истода ҳама гуна ҳаракату рафту омади мардумро назорат мекарданд. Ин манбаъ инчунин гуфт, ки амниятиҳо роҳро ба сӯи қабристони Ойчӣ, ки Маҳсо он ҷо дафн шудааст, бастаанд. Зиёрати қабри Маҳсо ҳам барои аҳли хонавода ва ҳам дигарон манъ шудааст.

Манбаъҳои Радио Фардо мегӯянд, ки мақомот бо талоши масдуд кардани роҳ ба сӯи қабристон сатҳи оби дарёи Саққизро аз ҳисоби боз кардани захираҳои оби обанбори Чароғи вайс зиёд карданд.

Айни ҳамин корро соли гузашта ҳам дар солгарди дуюми марги Аминӣ карда буданд. Ҳалокати духтаре, ки мақомот ӯро гӯё барои нодуруст бастани ҳиҷоб дар Теҳрон боздошт кардаву дар он ҷо ҷон дод, боиси эҷоди бесобиқатарин эътирозҳо дар таърихи низоми Ҷумҳурии Исломӣ гардид.

Мардуми зиёде давоми моҳҳои дароз зидди ҳукумати мазҳабӣ, аз ҷумла раҳбари олӣ Оятулло Алии Хоманеӣ ба кӯчаҳо рехтанд. Ҳукумат бо саркӯб вокуниш кард ва дар натиҷа, беш аз 500 кас куштаву 20 ҳазор кас боздошт гардид. Human Rights Watch бо нашри гузорише дар остонаи сесолагии марги Маҳсо гуфт, бо гузашти вақт ҳам мақомот дар Эрон таҳқиқи муассир, бетарафона ва мустақилонаи ҳолатҳои ҷиддии вайрон шудани муқаррароти ҳуқуқи инсонро дар паи эътирозҳое бо шиори “Зан, зиндагӣ, озодӣ” барпо накарданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG