Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеҳсоли семент кам нашуд, вале сохтмони корхона ба таъхир уфтод


Корхонаи Сементи Тоҷик дар Душанбе
Корхонаи Сементи Тоҷик дар Душанбе

Тоҷикистон дар панҷ моҳи аввали имсол беш аз 1,5 миллион тонна семент истеҳсол кардааст, вале густариши бемории COVID-19 сохтмони корхонаи нави сементбарориро дар шаҳри Душанбе то ба ду соли дигар ба таъхир андохтааст.

Қобил Ташрифов, як масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, 11-уми июн гуфт, бо вуҷуди паҳншавии бемории ҳамагир корхонаҳои кишвар тавонистаанд "сатҳи истеҳсоли сементро ба гунаи соли қаблӣ ҳифз кунанд".

"Сементи корхонаҳои Тоҷикистон асосан ба Узбекистон ва Афғонистон содирот мешавад. Миқдори ками онро ба Қирғизистону Қазоқистон мебаранд", - афзуд ӯ.

Ташрифов гуфт, дар аввали имсол Узбекистон воридоти сементро аз Тоҷикистон маҳдуд кард, вале ду моҳ пеш ин маҳдудият бекор карда шудааст. Ин амр сабаб шуд, ки коргарони бархе аз корхонаҳои сементбарорӣ дар замони хуруҷи бемории ҳамагир ба рухсатии бемузд фиристода шуданд. Аз ҷумла, аз номаҳои корбарони сомонаи Радиои Озодӣ чунин вазъ дар корхонаи сементбарории Душанбе мушоҳида мешавад. Қобил Ташрифов дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, "чунин вазъият танҳо дар бархе аз корхонаҳои сементбарорӣ сурат гирифт ва қарор аст аз моҳи июн коргарон дубора ба кор шуруъ кунанд. Аммо, чаҳор корхонаи бузурги сементбарории Тоҷикистон маҳдудият кори худро идома медиҳанд".

Мақомот аз пешниҳоди омори дақиқ дар бораи коргароне, ки муваққатан ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд, худдорӣ мекунанд.

Соле пеш эълон шуд, ки ширкати "Сементи Тоҷик" мехоҳад се километр болотар аз маҳалли ҳозирааш корхонаи нави сементбарорӣ бунёд кунад. Қобил Ташрифов мегӯяд, "бемории COVID-19 сабаб шудааст, ки то ҳол таҷҳизот барои ин корхона дар Чин фармоиш нашудааст. Ба ин хотир, корхонаи нави сементбароии Душанбе танҳо соли 2023 фаъол карда мешавад".

Олим Бобоев, иқтисоддони тоҷик ба ин назар аст, ки ҳатто бо дарназардошти паҳншавии бемории ҳамагир талабот ба семент дар кишварҳои минтақа зиёд аст ва ин амр водор мекунад, ки корхонаҳои сементбарории Тоҷикистон мизони истеҳсол ва содироти худро афзоиш диҳанд. Дар посух ба ин суол, ки оё ниёзе барои сохтмони корхонаи нави сементбарорӣ дар Душанбе вуҷуд дорад ё не, ӯ гуфт:

"Мавзӯи ҷойгиршавии чунин корхонаҳо хеле ҳассос аст. Зеро дар қисмати шимоли Душанбе як корхонаи сементбарорӣ ва Маркази гармидиҳиву барқӣ воқеъ аст. Ин ду корхона бо мушкили зистмуҳитӣ ҳамроҳ ҳастанд ва ба бозсозӣ ниёз доранд. Аммо талабот ба ин ашёи содиротӣ низ зиёд аст. Гузашта аз ин, корхонаи нави сементбарорӣ дар Душанбе ба хатти роҳи оҳан пайвастагӣ дорад ва шояд ин амр ба интихоби мавқеи сохтмони он нақш бозида бошад."

Мақомот мегӯянд, ки самти вазидани бод дар шимоли шаҳри Душанбе ба ин тартиб аст, ки партовҳои корхонаи сементбарорӣ ба сокинони пойтахти Тоҷикистон асароти номатлубе намегузорад. Сокинони маҳаллаҳои атрофи корхона мегӯянд, ҳамарӯза водор мешаванд, ки тирезаву фарши хонаро чанд дафъа аз чанг пок кунанд.

Фаъолони зистмуҳитӣ аз чанд сол ба ин сӯ аз мақомот хостори кӯч додани корхонаи сементабарорӣ аз дохили шаҳр ҳастанд, аммо ин талабҳо ҳамчунон сарфи назар мешаванд.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон феълан нархи семент дар кишвар дар муқоиса бо солҳои қаблӣ бетағйир монда, як тоннааш 780 сомонӣ аст. Нархи содиротии он низ баробари 420 сомонӣ будааст, зеро сементи содиротӣ тибқи тасмими мақомот аз пардохти 18 дарсад андози изофашуда озод карда шудааст.

XS
SM
MD
LG