Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар ИМА аз 2 миллион гузашт


Кор дар озмоишгоҳи COVID-19
Кор дар озмоишгоҳи COVID-19

Дар ИМА шумори ҳодисаҳои тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус то поёни рӯзи 10 июн аз марзи 2 миллион нафар гузашт. Масъулини беҳдоштӣ дар чандин аёлати ИМА гуфтанд, ки баъди ду ҳафта пеш баргузор шудани Рӯзи хотира ҳодисаҳои олудашавӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Рӯзи 10 июн дар аёлати Аризона шумори рекордии беморон ба қайд гирифта шуд ва бисёри онҳо дар маконҳои серодами туристӣ дар рӯзҳои истироҳати охири моҳи май мушоҳида шуданд. Техас, Флорида ва Каролинаи Шимолӣ аввалин иёлоте буданд, ки муқаррароти хонашиниро сабук карданд ва билофосила аз афзоиши ҳодисаҳои олудагии нав хабар доданд. Бар асоси иттилои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар ИМА шоми чоршанбе шумори олудашудаҳо ба 2 миллиону 464 нафар баробар шуд. Шумори фавтидаҳо 113 ҳазор нафар буда, чоряки 416 ҳазор мавриди талафоти инсонҳо бар асари COVID-19 дар ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба вазъи Амрикои Лотинӣ таваҷҷӯҳ кард. Дар ин макони доғи пандемия ҳоло шумори беморон аз 70 ҳазор нафар гузаштааст. Дар Бразилия, ки беш аз нисфи ҳамаи ҳодисаҳои марг дар Амрикои Лотиниро дар бар мегирад, рӯзи 10 июн 1274 ҳолати марг сабт шудааст. Вале бо вуҷуди афзоиши ҳодисаҳои марг ва беморӣ дар Бразилия, шурӯъ аз 11 июн марказҳои тиҷоратӣ дарҳои худро боз карданд.

XS
SM
MD
LG