Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Билл Гейтс дар бораи назарияи тавтиаи зидди худ посух дод


Билл Гейтс ва ҳамсараш Мелинда барои коркарди воксинаи зидди Covid-19 300 миллион доллар ихтисос додаанд
Билл Гейтс ва ҳамсараш Мелинда барои коркарди воксинаи зидди Covid-19 300 миллион доллар ихтисос додаанд

Миллиардери амрикоӣ ва муассиси ширкати Microsoft Билл Гейтс дар робита бо як назарияи тавтеа бар зидди худаш посух дод ва гуфт, гӯё ин ки ӯ бо баҳонаи зидди Covid-19 эм кардани одамон ба онҳо микрочипҳоро ҷой кардааст, бепояву асос аст.

Гейтс гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ба микрочипҳо ҳеҷ умумияте надошт. Дар нақли қавл аз Гейтс Business Insider менависад, ки “ин иттиҳомро рад кардан бисёр сахт аст, чунки аблаҳонаву ғайримаъмулӣ мебошад”. Дар сӯҳбат бо шабакаи BBC ӯ гуфт, ки аз вуҷуди чунин ақидаҳои аблаҳона бисёр нигарон аст, чунки аз эмкунӣ даст кашидани мардум талафоти инсонҳоро афзоиш медиҳад.

Гейтс гуфт: “Вақте воксинаи зидди Covid-19 пайдо мешавад, мо бояд масунияти дастаҷамъӣ пайдо кунем, то ки тахминан 80 дарсади мардум эм карда шавад. Вале агар онҳо ба ин фикр бошанд, ки ин як ҳила асту эмкунӣ зарар дорад ва мардум аз эм кардан даст кашанд, он дубора ба куштани инсонҳо мепардозад”.

Назарияи тавтеае, ки гӯё Билл Гейтс мехоҳад ба миллиардҳо инсонҳо микрочип ворид карда сокинони сайёраро назорат бикунад, дар давраи пандемияи коронавирус паҳн шуд. Як сабабаш ин буд, ки Бунёди Билл ва Мелинда Гейтс барои коркарди воксинаи зидди коронавирус ва муқобила бо паёмадҳои он 300 миллион доллар ихтисос доданд.

Рӯзи 4 июн ин созмон гуфт, ки давоми 5 соли оянда 1,6 миллиард долларро ба Эътилофи ҷаҳонии эмкунӣ равона мекунад, то аз он кишварҳои нодортарин баҳра баранд. То ҳол маълум нест, ки чаро коронавирус дар миёни инсонҳо бо чунин суръати зуд паҳн шуд. То имрӯз дар саросари ҷаҳон даҳҳо ҳазор нафар бар асари Covid-19 ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG