Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ раҳбари атлетикаи ҷаҳонӣ барои фасодхорӣ дар додгоҳ посух медиҳад


Ламин Диак дар додгоҳи Париж ҳозир шуд. 8 июн
Ламин Диак дар додгоҳи Париж ҳозир шуд. 8 июн

Рӯзи 8 июн дар додгоҳе дар Париж собиқ раҳбари Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) бо иттиҳоми фасодхорӣ ва пулшӯии марбут ба моҷарои допингии Русия ҳозир мешавад. Додситонҳо мегӯянд, ки Ламин Диак аз варзишгарони рус талаб кардааст, ки барои пинҳон кардани иттиҳоми гумонбар буданашон дар истеъмоли доруҳои нирӯафзои мамнӯъ ё допинг 3,3 миллион доллари амрикоӣ пардохт кунанд. Ба Ламин Диаки 87-сола, ки иттиҳомро рад кардааст, то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар паи моҷарои истеъмоли допинг мунтахаби Русия аз ширкат дар бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 ва рақобатҳои олимпии зимистонаи соли 2018 маҳрум шуд. Ин шаҳрванди Сенегал то соли 2015 давоми 16 сол раҳбарии IAAF-ро ба ӯҳда дошт, ки ҳоло номаш Атлетикаи байналмилалии сабук мебошад. Додситонҳои додситонии молии миллии Фаронса мегӯянд, ки таҳти раҳбарии ин шахс як шабакаи фасод амал мекард. Қарор буд додгоҳ дар моҳи январ шурӯъ шавад, вале ба таъхир гузошта шуд ва дар ин муддат писари ӯ Папа Массата Диак ҳам чун ҳамҷавобгар ба додгоҳ ҷалб шуд. Сенегал гуфт, ки Папа Массата Диакро ба Фаронса таслим намекунад. Ба писари Диак ҳам иттиҳомоти марбут ба пулшӯӣ, коррупсия ва сӯиистифода аз эътимод пеш гузошта шуда мурофиаи ӯ дар ғайбаш баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG