Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли берун шудани нирӯҳои ИМА аз Олмон ва даъвати раҳбари НАТО ба тақвияти паймон


Минтақаи Дравско Поморские дар Полша. Машқҳои НАТО. 4 июни соли 2020
Минтақаи Дравско Поморские дар Полша. Машқҳои НАТО. 4 июни соли 2020

Дар ҳоле, ки шарикони аврупоии НАТО аз эҳтимоли тарки Олмон кардани нирӯҳои ИМА хатар доранд, дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг қарор аст дар як суханрониаш рӯзи 8 июн ба тақвияти ҳайати ин паймони низомӣ даъват бикунад. Суханронии Столтенберг, ки аз ҷониби Шӯрои Атлантика ва Бунёди олмонии Маршал дар ИМА ташкил шудааст, замоне баргузор мешавад, ки дар Полшаву соҳилҳои Балтика шарикони НАТО машқҳои низомии худро барпо мекунанд. Нашрияи the Wall Street Journal рӯзи 7 июн гуфт, ки эҳтимоли хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Олмон талошҳои НАТОро дар муқобили Русия ба ҳам мезанад. Ин нашрия рӯзи 5 июн гуфт, ки президенти ИМА Доналд Трамп нақшаи аз Олмон берун бурдани 9500 низомиро иҷро хоҳад кард. Трамп дар гузашта бисёр шикоят кардааст, ки Олмон ӯҳдадориҳои худ дар баробари НАТОро дар заминаи сарфи то 2% даромадҳои иқтисодиаш ба буҷаи НАТОро иҷро намекунад. Ҳукумати садри аъзам Ангела Меркел гуфтааст, ки нақшаи афзоиши сарфҳои низомиашро иҷро хоҳад кард, вале амалӣ шудани ин нақшаро то соли 2030 аз эҳтимол берун медонад. Полша соли гузашта хароҷоти низомишро ду дарсад афзоиш дод ва изҳори умедворӣ кард, ки нирӯҳои амрикоии НАТО аз Олмон ба Полша интиқол мешаванд. Яке аз ду машқҳои низомии ҷараёндошта маҳз дар хоки Полша мегузарад.

XS
SM
MD
LG