Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифони президенти пешини Қирғизистон дар Бишкек


Тазоҳуроти мухолифони Отамбоев дар Бишкек.
Тазоҳуроти мухолифони Отамбоев дар Бишкек.

Мухолифони президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар назди додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек, ки қарор буд имрӯз баррасии парвандаи ҳаводиси деҳаи Кой-Тошро идома диҳад, даст ба тазоҳурот заданд.

Иштирокдорони тазоҳурот ба "зиндонӣ кардани Отамбоеву тимаш" даъват мекарданд. Ба гуфтаи онҳо, Отамбоев бояд қарзҳоеро пардозад, ки дар давраи президентияш Қирғизистон дарёфт кардааст. Ин гуруҳи қирғизистониҳо 1 май низ тазоҳурот карда буданд.

Дар назди додгоҳ наздикону пайвандони гумонбарҳои парвандаи мазкур низ ҷамъ шуда буданд. Онҳо гуфтанд, тазоҳуроти мухолифони Отамбоев бо ҳадафи таъсири равонӣ расонидан ба гумонбарон ташкил шудааст.

Рӯзҳои 7-8 августи соли гузашта дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи задухӯрди нерӯҳои пулис бо ҷонибдорони Отамбоев даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дошта, ба ӯ то 26 соли зиндон таҳдид мекунад. Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG