Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, мақомҳои вилояти Язди Эрон итминон додаанд, ки омилони тирандозӣ ба мошини ҳомили муҳоҷирони афғон ба ниҳодҳои додгоҳӣ муаррифӣ хоҳанд шуд. Вазорат шаби 6-уми июн дар эъломияе гуфт, сафири Афғонистон дар Эрон бо мақомҳои вилояти Язд дидор карда, ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Вай гуфтааст, мошини ҳомили муҳоҷирони афғон пас аз тирандозӣ оташ гирифта, сипас, бинобар суръати зиёд ба деворҳои канори роҳ бархӯрдаст. Ҳодиса рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта рух дод ва дар натиҷаи он 3 муҳоҷири афғон кушта, шуморе захмӣ шуданд.