Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҷон, овозхон ва ҳунарпешаи маъруфи пеш аз инқилоб дар Эрон, даргузашт


Марҷон, овозхон ва ҳунарпешаи машҳури эронӣ
Марҷон, овозхон ва ҳунарпешаи машҳури эронӣ

Марҷон, овозхон ва ҳунарпешаи саршиноси пеш аз инқилоби исломӣ дар Эрон, субҳи 7-уми июн ва дар 72-солагӣ дар Лос-Анҷелеси Амрико даргузашт. Номи аслии ӯ Шаҳло Софизамир буд. Вай аз солҳои аввали барқарории Ҷумҳурии Исломӣ ба сафи мухолифони он ва Созмони Муҷоҳидини Халқ пайваст. Хабари даргузашти ҳунарпешаро низ Созмони Муҷоҳидини Халқ эълом кард ва дар баёянияе навишт, "ӯ то лаҳзаи охир ба ормони озодӣ пойбанд буд". Сабаби фавти хонум Марҷон дар гузоришҳо сактаи қалбӣ номида шудааст. "Салом ба Ишқ" аз машҳуртарин филмест, ки вай дар он нақш офарида буд.

XS
SM
MD
LG