Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавируси нав дар Тоҷикистон дастур додааст, ки бозорҳои фурӯши либос, тарабхонаву меҳмонхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн аз 15-уми июн дубора ба кор сар кунанд, чун ба бовари мақомот "вазъи эпедимеологӣ тадриҷан ба эътидол меояд".
Ин дар ҳолест, ки намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз "пик" ё авҷи бемории ҳамагир паси сар нашудааст. Дар ҷомеа низ аз эҳтимоли сар задани "мавҷи дувуми беморӣ" нигаронанд.
Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 гуфтааст, "бо назардошти ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ аст".
Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 6-уми июн навишт, "дар сурати риоя нагардидани ин талабот нисбат ба шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдорон чораҳои қонунӣ андешида мешавад ва ҷарима пешбинӣ мегардад", вале маблағи ҷаримаро ошкор накард.
Талошҳои мо барои дақиқ кардани ҷарима барои надоштани ниқоби тиббӣ ва кай қабул шудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ то ин дам бенатиҷа буд. Дар сурати ба даст омадани иттилои бештар дар саҳифа мегузорем.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки рӯзи шашуми июн 83 мавриди собитшудаи бемории СОVID-19-ро сабт кардааст. Аз замони эътирофи мавҷудияти вируси нав дар Тоҷикистон 4453 нафар ба он мубтало шудаанд.
Мақомот мегӯянд, дар ин муддат 2583 нафар шифо ёфта, 48 кас ҷон бохтаанд. Аммо дар як феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш таҳиягарони он номи тақрибан 420 нафарро дарҷ кардаанд.
Бар асоси иттилои расмӣ то 6-уми июн дар шифохонаҳои саросари кишвар беш аз 1200 нафар зери назорати пизишкон қарор доранд. Бархе аз сокинон мегӯянд, ин ба маънои поёни беморӣ нест, чун бештаре аз маризон дар хона муолиҷа мегиранд.