Ду моҳ пеш аз интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Беларус, Аляксандр Лукашенка собиқ масъули умури саноати дифоии кишварро ба ҳайси нахуствазири нави ин кишвар муаррифӣ кард. Роман Головченко 46 сол дошта дар гузашта дар вазифаҳои дипломатӣ кор кардааст, раиси кумитаи давлатии саноати низомӣ буд. Ду рӯз пеш Лукашенка аъзои ҳукумат ба раҳбарии Сергей Румасро баъди ду соли кор ба истеъфо фиристод. Таъини шахсе бо собиқаи кор дар бахши низомиро бархе ҳамчун талоши Лукашенкаи 65-сола барои мустаҳкамтар кардани қудрат дар оянда арзёбӣ мекунанд. Бовар меравад, ки ӯ дар интихоботи навбатӣ бори шашум пирӯз эълон мешавад. Лукашенкаро дар Ғарб ҳамчун “диктатори охирин дар Аврупо” ёд мекунанд, чун ӯ бо таҳаммули бисёр камаш нисбати мунаққидон, матбуоти озод ва мухолифон маъруф аст. То ҳол ҳеҷ як интихоботи президентӣ дар Беларус баъди соли 1994 ҳамчун ҷавобгӯи меъёрҳои интихоботи озоду шаффоф арзёбӣ нашудааст.
Дар остонаи интихоботи президентӣ Лукашенка нахуствазири навро муаррифӣ кард
