Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консули Тоҷикистон гуфт, ҳоло парвоз аз Петербург ба Душанбе дар назар нест


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз барои овардани муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Санкт-Петербург парвози чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳо ташкил карда нашудааст.

Давлаталӣ Назризода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург, рӯзи 2-юми июн гуфт, "ҳар вақте чунин тасмим гирифта шуд, муҳоҷиронро аз қабл огоҳ мекунем."

Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук хабар дод, ки баъд аз зуҳри 30-юми май 173 шаҳрванди Русия, аз ҷумла ҳашт навзодро бо ҳавопаймои "Уралские авиалинии" аз Душанбе ба Санкт-Петербург гусел карданд.

Хабари парвози чартерӣ аз Душанбе ба Санкт-Петербург даҳҳо муҳоҷирро ба дари консулгариии Тоҷикистон дар он шаҳр бурдааст. Муҳоҷирон бовар доранд, ин ҳавопаймо ҳангоми бозгашт ба Душанбе шаҳрвандони Тоҷикистонро мебарад.

Давлаталӣ Назризода мегӯяд, ҳоли ҳозир чунин тасмиме нест. Вай афзуд, то ин дам чанде аз муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳҳои Санкт-Петербург ба Тоҷикистон интиқол доданд, "аммо онҳо низ тавассути Маскав ба Душанбе фиристода шуданд, на тавассути парвози мустақим".

Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард. Ба ин сабаб садҳо шаҳрванди кишвар дар Русияву Туркия, Қазоқистону Ҳиндустон, Олмон ва Дубай дармонданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ду ҳафта пеш ба иҷрои нақшаи марҳила ба марҳила овардани онҳо аз хориҷа оғоз кард.

То ин дам даҳҳо нафарро аз Ҳиндустону Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Маскав баргардонданд.

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, аввал онҳоеро ба ватан мефиристанд, ки ҳукми ихроҷашон содир шудааст ва дар боздоштгоҳ қарор доранд. Дар баробари онҳо, садҳо муҳоҷири дигари тоҷик мехоҳанд, зудтар ба Тоҷикистон баргарданд.

Ҳанӯз маълум нест, парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистону Русия кай барқарор мегардад ва ҳамингуна марзҳои байни кишварҳо кай боз мешавад.

XS
SM
MD
LG