Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Boeing истеҳсоли ҳавопаймоҳои навъи 737 MAX-ро дигарбора оғоз мекунад


Ширкати Boeing истеҳсоли ҳавопаймоҳои мусофирбари навъи "Боинг 737 MAX"-ро дар корхонаи Рентони аёлати Вашингтони ИМА аз сар мегирад. Истеҳсоли ин навъи ҳавопаймоҳо панҷ моҳ пеш манъ гардид. Дар суқути ду ҳавопаймо навъи "Боинг 737 MAX" 346 кас кушта шуд.

Парвози пурфурӯштарин навъи ҳавопаймоҳои ширкат моҳи марти соли 2019, баъди суқути дувумин "737 MAX" дар фосилаи ним сол, манъ шуд.

Ҳамакнун истеҳсоли ин навъи ҳавопаймоҳо бо теъдоди камтар ба роҳ монда мешаванд то ин ки амнияти коргарон ва сифати маҳсулот боло бурда шавад. Дар оянда истеҳсол афзоиш дода хоҳад шуд.

Манъи парвозҳои "737 MAX" тақрибан дар ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла дар худи ИМА, баъди суқути ҳавопаймои навъи мазкур дар Эфиопия дар моҳи марти соли гузашта рӯи даст гирифта шуд, ки 157 қурбонӣ дошт. Пештар аз он ҳавопаймои навъи мазкур дар Индонезия суқут кард.

Дар ҳар ду ҳолат, ба гуфтаи мутаххасисон, иштибоҳи техникӣ рух дода ва низоми худкор иштибоҳан ҳавопайморо ба замин ҳидоят кардааст. Ин иштибоҳро роҳбари ширкати Boeing Деннис Мюиленбург ҳам қисман эътироф кард.

Соли 2019 ширкати Boeing ба далели руйдодҳои марбут ба "737 MAX", аз соли 1997 ба ин тараф, бори аввал зиёни молӣ дид. Соли ҷорӣ ба далели паҳншавии коронавирус ширкат ба коҳиши талабот ба ҳавопаймо рӯ ба рӯ шуд. Бо назардошти ин вазъ ширкат тасмим дорад, ки аз 160 ҳазор коргараш 10 дарсадро ихтисор кунад.

XS
SM
MD
LG