Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Афғонистон дар як рӯз 900 маҳбуси Толибонро озод кард


Раҳоии зиндониёни гурӯҳи Толибон аз маҳбасҳои Афғонистон.

Ҳукумати Афғонистон пас аз дастури президент Ашраф Ғанӣ рӯзи сешанбеи 26-уми май 900 зиндонии гурӯҳи Толибонро озод кард. Ҳукумат рӯзи душанбе низ 100 зиндонии ин гурӯҳро аз маҳбаси Багром воқеъ дар шимоли Кобул озод карда буд.

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, агар Толибон оташбасро тамдид кунанд, ҳукумат ҳам ба иловаи риояи он, дигар зиндониёни ин гурӯҳро озод хоҳад кард. Толибон рӯзи 24 март -- рӯзи аввали Иди Фитр оташбаси серӯза эълон карданд ва дар муқобил президенти Афғонистон дастури раҳоии зиндониёни ин гурӯҳро дод ва амр кард, ки нерӯҳои амниятӣ ба Толибон ҳамла накунанд.

Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон шаби гузашта дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ ибрози умедворӣ кардааст, ки бо озод шудани садҳо зиндонии ин гурӯҳи мусаллаҳ, Толибон ҳам ба ӯҳдадориҳояшон амал кунанд.

Ҷовид Файсал афзуд, "ҳукумати Афғонистон барои муваффақияти талошҳои сулҳ, идомаи оташбас ва оғози фаврии гуфтугӯҳои мустақим, 900 зиндонии толибро озод кард".

Суҳайл Шоҳин, суханггӯи Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар аз раҳоии зиндониён истиқбол кардааст. Ӯ шаби гузашта дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, "раҳоии 900 зиндонӣ аз тарафи муқобил пешрафти хуб аст". Ӯ дар идома навиштааст, ки гурӯҳи Толибон ба зудӣ шумораи чашмгири зиндониёни ҷониби ҳукуматро раҳо хоҳанд кард.

Аммо ӯ дар мавриди пешниҳоди ҳукумат барои дароз кардани мӯҳлати оташбас чизе нагуфтааст. Ҳукумати Афғонистон ва шарикони байналмилалиаш ба барқарории оташбаси доимӣ аз сӯи Толибон таъкид мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбеи 26 май аз ҳама тарафҳои даргир дар Афғонистон хост, ки бидуни таъхир бо оташбаси фарогир розӣ шаванд. Ин иттиҳодия дар як эъломия бо ишора ба эъломи оташбаси серӯза дар Иди Фитр гуфт, "бо ин гуна эътимодсозӣ, мешавад ба сӯи сулҳи пойдор ҳаракат кард, на бо доман задан ба хушунатҳои бемаънӣ".

Иттиҳоди Аврупо аз Толибон хостааст, ки фавран гуфтугӯҳои байнулафғониро оғоз кунад. Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин гуфтааст, ки мубодилаи зиндониён бояд бидуни таъхир идома ёбад ва аз Толибон интизор доранд, ки тибқи ваъдаашон зиндониёнро озод кунанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ низ дар як эъломия аз раҳоии садҳо зиндонии гурӯҳи Толибон истиқбол карда ва онро гоми мусбат дар заминаи барқарории сулҳи пойдор хондааст.

Оқои Абдуллоҳ аз Толибон низ хостааст, ки зиндониён вобаста ба ҳукуматро раҳо кунанд, то замина барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ ва татбиқи комили мувофиқатнома миёни ИМА ва Толибон фароҳам шавад.

Бар асоси ин созишнома, бояд то пеш аз оғози музокироти байни афғонҳо дар даҳуми марти соли равон, ҳукумати Афғонистон то 5 ҳазор зиндонии толиб ва гурӯҳи Толибон ҳам ҳудуди як ҳазор зиндонии вобаста ба ҳукуматро озод мекарданд.

Пеш аз ба таъхир афтодани раванди раҳоии зиндониён бинобар ихтилофҳо миёни ду тараф, ҳукумат ҳудуди як ҳазор зиндонии Толибонро раҳо кард ва Толибон ҳам аз раҳоии 250 тан хабар дода буданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG