Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин киштии нафткаши эронӣ, бидуни дахолати ИМА, ба Венесуэла расид. ВИДЕО


Рӯзи 24-уми май нахустин киштии эронии ҳомили нафт ба бандари Венесуэла наздик шуд. Ин киштӣ дар ҳоле ба Венесуэла мерасад, ки танишҳо байни ИМА ва Эрон шиддат гирифтааст.

Киштии дувум аз панҷгонаи киштиҳои эронии дар роҳ ба сӯи Венесуэла рӯзи 23-уми май вориди баҳри Кариб шуд. Се киштии дигар уқёнуси Атлантикаро убур мекунанд. Ин панҷ киштӣ аз сӯи неруҳои ИМА монеае надиданд. Ҳарчанд пештар Вашингтон гуфта буд, ки посух додан ба Эронро дар робита ба интиқоли нафт ба Венесуэла, баррасӣ мекунад.

Президенти Венесуэла Николас Мадуро ҳамкорӣ ва ҳамраъйӣ бо Эронро баҳои баланд дод ва ҳамзамон ИМА-ро дар таҳмил додани иродаи худ тавассути зургӯӣ айбдор кард.

"Венесуэлаву Эрон хоҳони сулҳанд ва ҳақ доранд, ки дар обҳои байналхалқӣ озодона тиҷорат ва табодули мол кунанд", - гуфт Мадуро.

Арзиши умумии панҷ киштии ҳомили нафт наздики 45,5 миллион доллар баровард карда мешавад.

Пештар аз ин Эрон ИМА-ро ҳушдор дод, ки дар сурати ғасби киштиҳои рӯ ба Венесуэла посух хоҳад дод.

ИМА нисбати Эров ва Венесуэла таҳрим ҷорӣ кардааст. Таниш атрофи киштиҳои нафткаш замоне шиддат гирифт, ки ИМА моҳи апрел Эронро дар таъқиби киштиҳои амрикоӣ дар Халиҷи Форс айбдор кард.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Эрон ба Венесуэла нафт содир кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00

XS
SM
MD
LG