Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ба сабуктар кардани тадбирҳо идома медиҳад


Пойтахти Итолиё шаҳри Рум, кори ороишгар бо эҳтиёт аз COVID-19
Пойтахти Итолиё шаҳри Рум, кори ороишгар бо эҳтиёт аз COVID-19

Ҳукуматҳои аврупоӣ рӯзи 25 май тадриҷан маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро бекор мекунанд ва интизор меравад, ки ҳафтаҳои наздик сабукӣ бештар мешавад. Айни замон дар ИМА, ки шумори фавтидаҳо бар асари COVID-19 ба 100 ҳазор нафар ва олудашудаҳо ба 1,6 миллион нафар расидааст, дар рӯзҳои истироҳати ахир мардум ба сӯи соҳилҳои об шитофтанд.
Тамоми 50 аёлат ба дараҷаҳои мухталиф маҳдудиятҳоро кам мекунанд. Вале саҳнаҳои пур аз мардум дар соҳилҳову тарабхонаҳои Флорида ва кӯли Озарк дар Миссури нигаронӣ аз эҳтимоли нақз шудани муқаррароти фосилагирӣ ва хатари аз нав боло гирифтани ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирусро ба бор овардааст.
Дар кишварҳои аз пандемия шадидан осебдидаи Аврупо тадбирҳои мисли боз шудани марзҳо, мактабҳо ва ҳатто мусобиқаҳои варзишӣ эълон шудаанд.
Дар бисёр кишварҳои мусалмоннишин таҷлили иди Фитр бидуни иҷрои маросимҳои серҷамъияти мисли намози иду идгардак барпо шуд.

XS
SM
MD
LG