Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео Чинро барои қарори нав доир ба Ҳонг Конг танқид кард


Майк Помпео ҳангоми суханронӣ дар як нишасти хабарӣ дар вазорати умури хориҷии Амрико. 20-уми майи соли 2020
Майк Помпео ҳангоми суханронӣ дар як нишасти хабарӣ дар вазорати умури хориҷии Амрико. 20-уми майи соли 2020

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳукумати Чинро танқид кард, ки саъй дорад, қонунҳои амнияти миллӣ дар Ҳонг Конгро ба манфиати худ тағйир бидиҳад. Дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 22-уми май ӯ гуфт, қарори Чин барои сарфи назар кардани меъёрҳои қонунгузории Ҳонг Конг ва ба инобат нагирифти иродаи мардум “ноқуси марг барои худмухторӣ” хоҳад буд, ки Чин пеш аз гирифтани мудирияти Ҳонг Конг аз дасти Бритониё дар соли 1997 ваъда дод.

Майк Помпео гуфтааст, ки Ҳонк Конг мисли як такягоҳи озодӣ шукуфо шуд ва аз Чин хост, “қарори вайронгараш”-ро бознигарӣ кунад ва бо иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ба мухторияти васеъ, ниҳодҳои демократӣ ва озодиҳои маданӣ дар Ҳонг Конг эҳтиром бигузорад.

Қарори нави Чин барои тағйири қонунҳои амниятӣ дар Ҳонг Конг рӯзи 22-уми май дар анҷумани қонунгузорон пешниҳод шуд. Вакилони тарафдори демократия дар Ҳонг Конг, ки қаламрави Чин ва нимамухтор аст, мухолифи қабули ин санад ҳастанд.

XS
SM
MD
LG