Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

82 корманди ниҳодҳои қудратии Қирғизистон ба коронавирус мубтало шудаанд


Вазорати тандурустии Қирғизистон иттилоъ дод, ки 82 корманди мақомоти қудратии ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд.

Ба огаҳии вазорат, 33 нафари онҳо аллакай шифо ёфта, 49 тани дигар табобат мегиранд.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки дар миёни кормандони қудратии Қирғизистон аз ҳама бештар кормандони пулис мубталои коронавирус шудаанд.

Дар Қирғизистон то рӯзи 22-юми май 1350 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 949 кас шифо ёфтанд ва 14 нафар фавтиданд.

XS
SM
MD
LG