Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қазоқистон қонуни ҷамъомадҳои осоиштаро қабул кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Палатаи поёнии порлумони Қазоқистон дар ҷаласаи 20 май аз тағйиру иловаҳои пешниҳодии сенат, палатаи болоии порлумони ин кишвар ба лоиҳаи қонуни ҷамъомадҳои осоишта ҷонибдорӣ кард.

Вакили порлумон Канат Мусин гуфт, тағйироти пешниҳодии сенат "консепсияи муҳтавои лоиҳаи қонунро иваз намекунад ва ба такмили меъёрҳои алоҳидаи он равона шудааст".

Пештар сенати Қазоқистон лоиҳаи қонунро барои такмил ба палатаи поёнии порлумони ин кишвар бозпас фиристода буд. Сарсенбой Енсегенов, узви сенат гуфт, кумитаи дахлдор ба хулосае расид, ки баъзе аз бандҳои алоҳидаи лоиҳаи қонун ба тағйирот ниёз доранд.

Дар маҷмуъ 16 пешниҳод ироа шуд. Аз ҷумла, шумори макони баргузории ҷамъомадҳои осоишта дар ноҳияҳои марказии пойтахт, шаҳрҳои Алмато, Чимкент ва марказҳои маъмурии вилоятҳо набояд аз 3 камтар бошад.

Енсегенов ҳамчунин пешниҳод карда буд, меъёре аз банди қонун ҳазф карда шавад, ки созмондиҳандагони ҳамоишҳоро вазифадор мекунад, аз иштирокдорон пинҳон накардани рӯйҳои худро талаб кунанд. Ба ҷуз ин, ба созмондиҳандагон иҷозат дода шавад, ки барои муҳофизати шахсӣ ва ҳифзи саломатии худ аз дастгоҳҳо истифода баранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони мадании Қазоқистон лоиҳаи қонуни пешниҳодии ҳукумат дар бораи ҷамъомадҳои осоиштаро танқид карда, мегӯянд, он ба монанди қонуни амалкунанда озодии сокинон ба ҳамоишҳои осоиштаро маҳдуд менамояд. Ин лоиҳа аввалҳои моҳи апрел дар палатаи поёнии порлумони Қазоқистон қабул ва барои таъйид ба сенат пешниҳод шуда буд. Сенат 30 апрел онро баррасӣ кард.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) пештар аз мақомоти Қазоқистон даъват карда буд, ки баррасии лоиҳаи қонуни ҷамъомадҳои осоиштаро дар порлумон ба таъхир гузоранд.

XS
SM
MD
LG