Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кореяи Ҷанубӣ мактабҳо бо маҳдудиятҳо боз шуданд


Дарс дар донишгоҳи Кореяи Ҷанубӣ
Дарс дар донишгоҳи Кореяи Ҷанубӣ

Дар Кореяи Ҷанубӣ баъди беш аз ду моҳи таъхири вобаста ба пандемияи коронавирус рӯзи 20 май мактабҳои олӣ боз шуданд, вале донишҷӯён ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вирус ҳамоно бояд мутобиқи муқаррароти қавӣ амал кунанд. Дар марҳилаи аввали боз шудани мактабҳо доштани ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи якметраи байни мизу курсиҳои донишҷӯён ҳатмӣ ҳисоб мешавад. Ҳамчунин бояд таби донишомӯзон санҷида шавад ва дар сурати ошкор шудани ҳолати гирифторӣ ба коронавирус, дарсҳо дубора ба низоми онлайнӣ гузаронида мешавад.
Дар Чин мақомот гузориш доданд, ки бо ҳодисаҳои нави сироятёбӣ дар вилояти шимолушарқи Йилин дастбагиребонанд. Чин, ки макони ошкоршавии вируси нав аст, зери фишор ва тақозои шаффофияти бештар дар бораи пайдоиши вирус қарор дорад. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 19 май розӣ шуд, ки нақши ҳама ҷонибҳо дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла худи ин созмонро дар вокуниш ба пандемия санҷида шавад.
Дар бархе нуқоти дигари ҷаҳон, аз ҷумла дар Бразилия, ки 1179 ҳодисаи марг бар асари коронавирус дорад, бо тавсеаи паҳншавии коронавирус муқобила мекунанд. Бразилия аз назари олудагии инсонҳо бар асари коронавирус баъди Русияву ИМА дар ҷои сеюм дар ҷаҳон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG