Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон сомонаи Kuresker.org баъди бозтоби таъқиби фаъолон дастнорас шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бунёдгузорони "Kuresker.org" бар инанд, ки сомона баъди нашри матолиб дар бораи таъқиби фаъолон ва шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳои Қазоқистон баста шудааст. Вале мақомоти қазоқ ин иддаоро рад мекунанд.

Сомонаи Kuresker.org, ки асосан дар бораи ҳуқуқи инсон матлаб нашр мекунад, аз рӯзи 16-уми май ба ин сӯ дар Қазоқистон дастнорас аст. Дар он ахиран чанд матлаб дар бораи таъқиби фаъолон ва шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳои Қазоқистон нашр шуда буд.

Аз ҷумла, Kuresker.org матолиберо дар бораи тӯл кашидани таҳқиқи марги фаъоли маданӣ Дулат Агадил дар боздоштгоҳи шаҳри Нурсултон дар моҳи феврали имсол, фишор ба фаъоли маданӣ аз Жанаозен Ержан Елшибаев ва шикояти пайвандон аз латтукӯби дастаҷамъии маҳбусон дар зиндони рақами 167/2-и Чимкент нашр кардааст.

Владимир Козлов, яке аз бунёдгузорони Kuresker.org, ки ҳоло дар Украина ба сар мебарад, баста шудани сомонаро ба муҳтавои матолиби нашршуда рабт дод.

"Сомонаи Kuresker.org тақрибан як моҳ баъд аз таъсис ёфтан ва нашри матлабҳо баста шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон тавони техникии масдуд кардани сомонаро дорад. Онҳо тавассути "Қазоқтелеком" дастнорас менамоянд", - хабар дод Козлов.

Ӯ гуфт, барои муайян кардани сабабҳои дастнорас шудани сомона ба Вазорати иттилоот ва иртибототи умум ва ширкати "Қазоқтелеком", ки бузургтарин ширкати миллии фароҳамкунандаи интернет аст, муроҷиат кард, вале то ҳол посухеро дарёфт накардааст.

XS
SM
MD
LG