Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаҳои шакари Узбекистон баъди фармони Мирзиёев дар ҳолати муфлисшавианд


Кормандони корхонаи шакари "Ангрен шакар" бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев изҳори нигаронӣ карданд, ки садҳо тонна шакари истеҳсолкардаи онҳо дар анборҳо хобидааст.

Намояндаи "Ангрен шакар" гуфт, мушкили корхона баъди он ба миён омад, ки Мирзиёев фармони "Тадбирҳои навбатӣ барои дастгирии сокинон ва соҳибкорон дар давраи коронавирус"-ро имзо кард.

Шакар ба рӯйхати маҳсулоте шомил карда шуд, ки ҳангоми ворид кардани он боҷи гумрукӣ ва андоз аз даромад ситонида намешавад. Дар натиҷа дар фурӯшгоҳҳои Узбекистон шакари воридотӣ аз хориҷ афзоиш ёфта, бозори маҳсулоти дохилиро касод кардааст.

"Аз Қазоқистон шакари бесифатро ворид карданд. Аврупо ин шакарро намехарад, зеро ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгу нест. Корхонаҳои шакари Узбекистон - "Ангрен шакар" ва "Хоразм шакар" аз соли 2017 маҳсулотеро истеҳсол мекунанд, ки ба меъёрҳои аврупоӣ ҷавобгӯ аст. Вале дар вазъи кунунӣ сокинон хариди шакари арзони бесифатро беҳтар меҳисобанд, ки аз хориҷ ворид шудааст", - афзуд намояндаи "Ангрен шакар".

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, корхонаҳои "Ангрен шакар" ва "Хоразм шакар" ҳоло бо пули қарзе фаъолият доранд, ки аз бонкҳо барои пардохти маоши кормандони худ гирифтаанд. "Вале агар чорае андешида нашавад, маҷбурем фаъолиятро қатъ кунем", - изҳор дошт ӯ.

Аммо мушовири раиси Кумитаи зиддиинҳисории Узбекистон нигаронии соҳибкорони маҳаллӣ дар ин заминаро беасос хонд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот ин тасмимро муваққатӣ ба хотири фароҳам кардани шароити баробар барои воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони дохилӣ андешидаанд.

Президенти Узбекистон ба хотири дастгирии истеҳсоли шакар дар кишвараш моҳи декабри соли 2018 барои ворид кардани ин навъи маҳсулот 20 дарсад андоз аз даромад муайян карда буд. Ҳамчунин бо имзои як фармони дигар истеҳсолкунандагони шакар дар Узбекистон аз пардохти андози даромад ҳангоми ворид кардани маҳсулоти хом аз январи соли 2018 то январи соли 2019 озод шуданд.

XS
SM
MD
LG