Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон пойин овардани ҳадди 5% интихоботиро рад кард


Исҳоқ Масалиев
Исҳоқ Масалиев

Кумитаи умури қонуни конститутсионӣ, сохтори давлатӣ, масоили додгоҳиву ҳуқуқии порлумони Қирғизистон рӯзи 19-уми май тарҳи қонун дар бораи пойин овардани ҳадди интихоботии 5%-ро баррасӣ кард.

Гуруҳе аз вакилон пешниҳод карданд, ки ба қонун дар бораи интихоботи президент ва вакилони порлумони Қирғизистон тағйирот ворид шавад. Пешниҳоди вакилон марбут ба меъёре буд, ки тибқи он ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот 5 дарсади раъйи сокинонро ба даст меоранд, шомили порлумон мешаванд. Ба ҷуз ин, вакилон пешниҳод карда буданд, ки гарави интихоботӣ аз 5 млн сом ба 1 миллион сом (аз 65 ҳазор доллар ба 13 ҳазор доллар) пойин оварда шавад.

"Ман дарк мекунам, ки баъди пешниҳоди президент дар бораи монеаи 7% бисёре аз вакилон ҳам ҳамин фикрро мепарваронанд. Вале ман пешниҳод мекунам, ки тарҳи қонун баррасӣ шавад ва бигзор порлумон қарор қабул кунад", - гуфт Исҳоқ Масалиев, яке аз ташаббускорони таҳияи тарҳи қонун.

Аммо Олтинбек Сулаймонов, вакили дигари порлумон гуфт, ин ташаббус аз ҷониби аксари вакилони порлумон дастгирӣ намеёбад ва ба ин далел вай пешниҳод кард, тарҳи қонун бозхонд шавад.

Дар ниҳоят аз 14 вакили узви кумитаи мазкур, ки дар ҷаласа ширкат доштанд, танҳо 2 тан ба ҷонибдорӣ аз тарҳи мазкур раъй доданд. Ба ин тартиб, тарҳи қонун аз сӯи кумита қабул нашуд.

XS
SM
MD
LG