Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯби муҳоҷирони баргаштаи қирғиз дар карантин. Видео


Шаҳрвандони Қирғизистон, ки 10 рӯзи ахир бо гумони мубталошавӣ ба коронавирус дар пойгоҳи ҳавоии пешини "Гансӣ"-и ин кишвар зери назоратанд, бо нишони эътироз даст ба бетартибӣ заданд.

Онҳо аз мақомот талаб доранд, ки ба ҷои интиқол ба беморхонаи касалиҳои сироятӣ ба хонаҳояшон фиристода шаванд. Видеои бетартибиҳо дар Интернет нашр шудааст.

"Беморон рафторҳои хушунатомез доранд. Баъзе ҳолатҳое буд, ки ба табибон ҳамла карданд. Имрӯз ба самти мошини "ёрии таъҷилӣ" сангпартоӣ карданд. Намояндагони Вазорати тандурустии Қирғизистон ба маҳалли ҳодиса рафтанд", - хабар додааст вазорат.

Дар пойгоҳи мазкур 432 муҳоҷире нигаҳдорӣ мешаванд, ки рӯзи 7-уми май аз вилояти Оренбурги Русия ба ватан баргардонида шудаанд. Ба гуфтаи намояндагони Вазорати тандурустии Қирғизистон, муҳоҷирон мехостанд аз маҳалли карантин фирор кунанд.

"Миёни муҳоҷирон хабари дуруғ паҳн шудааст, ки гӯиё мубталоёни коронавирусро аз беморхона ҷавоб дода, ба карантини хонагӣ мефиристанд. Муҳоҷирон ба ғазаб омадаанд, ки чаро бархеҳоро рухсат медиҳанд ва онҳоро не", - изҳор дошт муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Мирлан Каниметов.

XS
SM
MD
LG