Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Қирғизистон пешниҳод шуд, неругоҳро худаш бисозад


Вакили порлумони Қирғизистон Умбеталӣ Қодиралиев дар ҷаласаи кумитаи порлумонӣ оид ба буҷа ва молия аз ҳукумати ин кишвар даъват кард, ки барои ба кор даровардани чархаи дувуми неругоҳи барқӣ-обии "Қамбарота-2" аз манобеи дохилӣ истифода кунад.

Намояндагони мардумии қирғиз созишномаи қарзии Бунёди авруосиёии устуворӣ ва рушдро, ки соли 2017 барои сармоягузории чархаи дувуми неругоҳ имзо шуда буд, баррасӣ карданд.

"Тарҳҳои неругоҳ барои Қирғизистон судоваранд, вале кишварҳои дигар ба иллати масоили геополитикӣ манфиатдор нестанд. Бинобар ин, барои сармоягузории лоиҳаи мазкур мо ҳеч гоҳ сармоя ба даст намеорем. Неругоҳи Норини болоиро ба ёд оред. Маҳз бо ин далел се сол мешавад, ки пулҳои ваъдагиро намедиҳанд. Ҳеч кас, аз ҷумла Бонки авруосиёӣ барои лоиҳа пул намедиҳад. Қирғизистон бояд неругоҳро худаш созад", - изҳор дошт Қодиралиев.

Вакилони дигари порлумони Қирғизистон низ аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ ва ҳукуматро вазифадор карданд, ки агар сармояи ваъдашуда то охири соли 2020 дарёфт нашавад, созишномаро бекор кунад.

XS
SM
MD
LG