Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон 379 шаҳрвандашро аз Маскав баргардонд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 17-уми май 379 шаҳрванди Қирғизистон аз Маскав ба Бишкек оварда шуданд.

Сафорати Қирғизистон дар Русия гуфт, бо як парвози чартерӣ 116 бемори вазнин, 27 тан аз наздикони беморон, 8 маъюб, 38 нафақахӯр, 78 зани ҳомила, 77 шаҳрванд бо фарзандони ноболиғ ва 35 каси дигар, ки дар ҳостел ё хобгоҳҳои умумӣ қарор доштанд, ба Бишкек бурда шуданд.

Сафорати Қирғизистон гуфт, бештар аз 1000 каси дигар дар навбати баргаштан ба Бишкек ҳастанд. Ин афрод низ аз беморон, занони ҳомила, кӯдакони ноболиғ ва пиронсолон иборатанд.

Дар Сафорати Қирғизистон дар Русия гуфтанд, ки "ҳамаи онҳо давоми моҳи май ва июн ба кишвар бурда мешаванд". Сафорати он кишвар дар Русия хабар медиҳад, ки сар аз охири моҳи май парвозҳои ҳафтаинаи чартерӣ байни Русия ва Қирғизистон ба роҳ монда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG