Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Обама аз тарзи бархӯрди мақомҳои Амрико бо COVID-19


Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи Амрико. Акс аз бойгонӣ
Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи Амрико. Акс аз бойгонӣ

Барак Обама, президенти пешини Амрико, аз чигунагии иқдомҳо барои бархӯрд бо коронавируси нав дар ин кишвар интиқод кард. Вай гуфт, бархе аз мақомҳо ҳатто худро масъул намедонанд. Обама ҳангоми суханронии онлайн рӯзи 16-уми май гуфт, коронавирус "аз ин роз парда бардошт, ки ин мақомҳо ба чӣ мубтало ме‌бошанд". Агарчи аз раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва мақомҳои дигар ном нагирифт, суханони ӯ ба ҳукумати феълӣ рабт дошт. То 17-уми май дар Амрико беш аз 1 миллиону 460 ҳазор нафар ба коронавируси нав мубтало шуда, беш аз 88 ҳазор кас аз ин беморӣ фавтидаанд. Мақомот мегӯянд, зиёда аз 260 ҳазор нафар шифо ёфтанд.

XS
SM
MD
LG