Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Ғанӣ ва Абдуллоҳ. Яке президент, дигаре раиси Шӯрои олии сулҳ шуд


Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳангоми имзои тавофуқнома. Кобул, 17-уми майи 2020
Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳангоми имзои тавофуқнома. Кобул, 17-уми майи 2020

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини иҷроияи ҳукумати Афғонистон, тавофуқномаи сиёсиеро имзо карданд. Бар асоси он, доктор Абдуллоҳ раёсати Шӯрои олии сулҳро ба уҳда мегирад. Дар ин бора рӯзи 17-уми май Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар "Твиттер" хабар дод.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки қаблан бар пояи қарордоде бо миёнҷигарии Амрико дар давлати Ғанӣ раиси иҷроияи ҳукумат буд, аз қабули натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи сентябри соли гузашта сарпечӣ кард.

Гуфта мешавад ин интихобот бо қонуншиканиҳои зиёд ва ширкати нокофии ройдиҳандагон ҷараён ёфтааст, аммо Ғанӣ онро қонунӣ шумурд.

Пас аз таъхири зиёд комиссияи интихоботии Афғонистон моҳи декабри соли 2019 эълон кард, ки Ғанӣ дар интихобот баранда шудааст ва чизе бештар аз 50 дарсад овоз гирифтааст, ки зарурати даври дувумро аз байн мебарад. Ин ниҳод гуфтааст, ки 39 дарсади интихобкунандагон ба тарафдорӣ аз Абдуллоҳ рой додаанд.

Абдуллоҳ ин натиҷаҳоро эътироф накард ва худро президент эълон намуд, дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пирӯзии Ғаниро пазируфт.

XS
SM
MD
LG