Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Олмон. Мардум мегӯянд, чораҳои пешгирӣ бекор карда шавад


Садҳо нафар дар Олмон рӯзи 16-уми май ба зидди маҳдудиятҳои ҷоришуда барои пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав эътироз карданд. Шумори қурбониёни COVID-19 дар Олмон дар муқоиса бо бисёре аз ҳамсояҳояш камтар аст. Мақомоти ин кишвар аллакай бархе аз маҳдудиятҳоро бардоштаанд. Сокинон талаб доранд, ки ҳамаи чораҳои пешгирӣ бекор карда шавад. Дар тазоҳурот дар Берлин садҳо нафар иштирок карданд. Тақрибан ҳазор афсари пулис ҷараёни тазоҳуротро назорат доштанд, то чораҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагир риоя шавад. Дар Мюнхен барои иштироки даҳ ҳазор кас иҷозаи роҳпаймоӣ талаб карда буданд, вале мақомоти маҳаллӣ барои иштироки ҳазор нафар иҷоза доданд, то фосилаи дурӣ аз якдигар риоя шавад.

XS
SM
MD
LG