Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самарқанд як табиб 34 касро ба коронавирус мубтало кардааст


Додситонии вилояти Самарқанди Ӯзбекистон 12 май зидди як табиб парвандаи ҷиноӣ боз ва ӯро дар мубталосозии 34 кас ба коронавирус айбдор кард.

Дар изҳороти додситонӣ омадааст, ки дар миёни ин 34 нафар ҳамсар, хешон ва ҳамкорони табиб низ ҳастанд.

Табиб Х. Д. аз 20 апрел бо вуҷуди доштани нишонаҳои монанд ба коронавирус, сулфа ва тасфи баланд ба ёрии тиббӣ муроҷиат накарда, бо табобати худ дар манзилаш идома додааст.

Ҳоло зидди Х.Д. бар асоси банди "Нақзи қонунгузории санитарӣ ё қоидаҳои мубориза бо бемориҳои сироятӣ"-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парванда боз шудааст.

Як ҳамшира аз беморхонаи касалиҳои сироятии Самарқанд гуфт, баъди оммавӣ шудани ин хабар дар тамоми муассисаҳои тиббии вилоят санҷиши табибон ва кормандон аз коронавирус оғоз шудааст.

Кормандони тиббии Самарқанд эътироф мекунанд, ки то ба имрӯз ягон табиб ё ҳамширае, ки бо табобати мубталоёни коронавирус машғул буданд, аз озмоиш гузаронида нашуда буд.

Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати дигари мо, дар вилоятҳои дигари Ӯзбекистон низ вазъи ҳамсон мушоҳида мешавад.

"Ибтидои моҳи март мо бевосита бо онҳое сарукор доштем, ки аз хориҷ омада буданд. Вале на ниқобу дастпӯш ва на либосҳои махсус доштем. Ба мо то ҳол либосҳои махсус надодаанд. Танҳо баъди 15 апрел бо ниқобу дастпӯш таъмин карданд. То ҳол ягон корманди мо низ аз коронавирус санҷиш насупоридааст", - афзуд табиби бунгоҳи тиббии яке аз деҳоти Самарқанд.

Табибони ӯзбек мегӯянд, дар вазъи кунунӣ онҳо бояд имкон дошта бошанд, ки ҳар ҳафта ё дар даҳ рӯз як бор ройгон аз санҷиши коронавирус гузаранд.

XS
SM
MD
LG