Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ назорат шаванд


Гулшат Асилбоева, вакили порлумони Қирғизистон тарҳи қонун "Дар бораи дасткории иттилоъ"-ро таҳия кард. Ин тарҳ айни ҳол дар баррасии умум гузошта шудааст.

Вакили порлумон гуфт, ки "қонуни амалкунандаи Қирғизистон муносибатҳои ҳуқуқии марбут ба паҳнсозии иттилоъ дар интернетро танзим намекунанд ва ба ҳамин далел зарурати қабули қонуни нав ба миён омадааст".

Ба гуфтаи вай, ҳолатҳои манфии марбут ба истифодаи интернет самтҳои бисёре, аз ҷумла иттилои хусусиву сиёсӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти миллиро фаро мегирад.

Бино ба тарҳи мазкур, ба паҳнсозии иттилои дурӯғ ва ё исботношуда дар интернет набояд роҳ дод ва соҳиби сомона ва ё саҳифае, ки иттилоъ нашр мекунад, бояд риояи қонунгузориро таъмин намояд.

Ба гуфтаи вакили порлумон, ҳангоми мушоҳида кардани иттилои дурӯғ ва ё носаҳеҳ мақомоти масъули давлатӣ қарори маҳдудсозии иттилоъро содир мекунанд. Дар сурати нодида гирифтани қарори мақомоти масъул, додгоҳ даст ба кор мешавад. Дар қонун ҳамчунин омадааст, ки провайдер ё таъминкунандагони интернет бояд иттилои корбаронро дар ихтиёри мақомоти додгоҳӣ гузоранд.

XS
SM
MD
LG