Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бештари қурбониёни COVID-19 шаҳрвандони Аврупо ва Амрико будаанд


Аз рӯи гузоришҳои Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, аз замони пайдо шудани коронавируси нав дар Чин, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 302 ҳазор одамон вафот карда, наздик ба 4 миллион нафар ба ин вирус олуда шудаанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки қурбониёни бемории COVID-19 асосан шаҳрвандони Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида мебошанд.

Давраи ноором ҳангоме мерасад, ки кишварҳо дар саросари ҷаҳон барои кушодани иқтисодиёти худ мубориза мебаранд ва паҳншавии вируси марговарро намешавад бе доштани ваксин пешгирӣ кард. Дар ИМА, кишваре ки дар ҷаҳон аз коронавируси нав сахт зарба хӯрдааст ва шумораи олудаҳои тасдиқшуда 1.4 миллиону мурдагон зиёда аз 86 ҳазор аст, дар бисёр иёлотҳо нишонаҳои пешрафт дар кам шудани гирифторон, марг ва беморшавӣ дида мешаванд.

Аммо Рик Брайт, роҳбари пешинаи оҷонсии федеролии Амрико барои мубориза бо бемории ҳамагир, дар ҷаласаи рӯзи 14-уми майи Конгресс гуфт, агар роҳбарон барои пешгирӣ аз такрори ҳодиса ҷиддӣ кор накунанд, метавонанд ба "зимистони ториктарин дар таърихи имрӯзӣ" рӯбарӯ шаванд.

Брайт боварӣ дорад, ки ваксина ва дармони беморӣ пайдо карда мешавад, аммо кай чизе нагуфт.

Дар ҳамин ҳол Чин, ки ҷои сар задани беморӣ аст, як моҳ боз дар бораи марги нав аз COVID-19 гузориш надодааст. Ин дар бораи шаффоф будани он шубҳа меоварад ва кишварҳо Чинро гунаҳкор мекунанд, ки дар аввал пайдоиши ин бемориро пинҳон кард.

Президенти ИМА Доналд Трамп пас аз пайдо шудани вирус дар Чин дар охири соли гузашта, бори дигар Пекинро ба пинҳон кардани андозаи ҳақиқиии он гунаҳкор кард ва таҳдид кард, ки бо дуввумин кишварии иқтисоди ҷаҳонӣ муносибатро бас мекунад.

Дар Аврупо, аксарияти кишварҳо бахшҳои иқтисодро кушоданд ва гувоҳи пастравии олудашавӣ, марг ва беморшавӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG