Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи СҶТ шубҳаи омори коронавирус дар Русияро беҳуда хонд


Гӯркобон дар як қабристони Маскав бо либоси ҳифозатӣ қурбони коронавирусро дафн мекунанд. 15 май
Гӯркобон дар як қабристони Маскав бо либоси ҳифозатӣ қурбони коронавирусро дафн мекунанд. 15 май

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Русия гуфт, ки дар заминаи дурустии омори коронавирус дар ин кишвар бояд шубҳа набошад, дар ҳоле, ки омори нав аз он далолат мекунад, ки эҳтимолан мақомот шумори маргумири инсонҳо бар асари коронавирусро камтар нишон медиҳанд. Изҳороти Мелита Вуйнович дар мусоҳиба бо ТВ «Настоящее время» ва “Садои Амрико” садо дод ва ин дар ҳоле буд, ки дар Русия чандин нашрияву матбуот омори маргумир бар асари вируси навро дар Маскав дар таносуб бо дигар шаҳру манотиқи аврупоӣ зери суол бурданд. Оморе, ки аз ҷониби Moscow Times, The New York Times, the Financial Times ва ҳамчунин коршиносон аз дохил ва беруни Русия мавриди шубҳа қарор гирифтааст, мегӯяд, зоҳиран мақомот шумори воқеии фавти инсонҳо дар паи COVID-19-ро камтар нишон медиҳанд. Вуйнович гуфт, ки созмон ба омори расмӣ эътимод мекунад. Ӯ гуфт, “як сабаби кам будани омори фавт дар он аст, ки ҳар нафари ниёзманд ба табобат дар беморхонаҳо чунин ёриро дарёфт мекунад. Ҳеҷ афзоиши фоҷеабор мушоҳида нашудааст ва Русия фурсат дошт, ки низоми беҳдоштиашро тақвият диҳад”. Сухангӯи Times гуфт, ки мавқеашро тағйир намедиҳад. Омори расмӣ мегӯяд, ки дар Русия 252,245 ҳодисаи тасдиқшудаи гирифторӣ ба коронавирус вуҷуд дорад ва аз назари ҳаҷми олудагӣ Русия баъди ИМА дар ҷои дуюм қарор дорад. Шумори фавти мардум дар Русия расман 2305 гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG