Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди калонии президенти Узбекистон 75% саҳмияҳои Uzcard-ро харид


Ойбек Турсунов бо роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров
Ойбек Турсунов бо роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров

Ойбек Турсунов, домоди калонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 75 дарсади саҳмияҳои низоми пардохти байнибонкии Uzcard-ро харидорӣ кард. Дар ин бора Регистри ягонаи давлатии корхонаҳо ва созмонҳо хабар медиҳад.

То ин замон 75% саҳмияҳо ба Аҳрор Мамудов тааллуқ доштанд. Маҳмудов мисли пешин мудири Uzcard боқӣ мондааст.

Соли гузашта Uzcard ба бештар аз 17 миллион корти бонкӣ хидмат расонидааст. Ба иттилои ширкати мазкур, 29 бонк ва 40 низоми пардохт аз хидматрасонии Uzcard истифода мебаранд.

Мақомоти Узбекистон тасмим гирифтанд, ки баъди 20-уми май кортҳои нафақахӯронро аз низоми кортии Humo-и "Бонки мардумӣ" ба таври ройгон ба низоми кортии Uzcard иваз кунанд.

XS
SM
MD
LG