Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақсими кумакпулӣ барои кӯдакон дар Русия боиси навбатпойӣ шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пушти дари шуъбаҳои Бунёди нафақа дар бисёре аз шаҳрҳои Русия навбатпойии касоне ташкил шуд, ки мехоҳанд, барои дарёфти кӯмакпулӣ дархост диҳанд. Президенти Русия Владимир Путин ахиран ваъда дод, ки барои кӯдакон кӯмакпулӣ пардохт мешавад.

Расонаҳо менависанд, дар шаҳрҳои Саратов, Красноярск, Барнаул, Чита, Сочӣ, Смоленск, Тюмен, Брянск ва ғайра чунин навбатпойиҳо дида мешаванд. Дар аксари ҳолат одамон фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд, ки барои эмин мондан аз гирифторӣ ба вируси корона ҳатмӣ ҳастанд.​

Сомонаи хадамоти давлатӣ, ки мумкин буд, сар аз 12 май тавассути он дархост ирсол кард, дар соатҳои аввали ба кор андохтан, ба далели шумори зиёди дархостҳо, аз кор монд.

Расонаҳо навиштанд, ҳар дақиқа ба ин сомона бештар аз 2 ҳазор дархост ворид мешавад. Дар ҳамагӣ 20 соати кори сомона бештар аз 2 миллион дархост барои дарёфти кӯмакпулӣ ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG