Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон шумори гирифторони вируси корона меафзояд


Дар як шабонарӯзи охир дар Қирғизистон 38 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст. Дар ин бора муовини вазири тандурустии он кишвар Мадамин Каратаев хабар дод.

Аз ин шумор 14 ҳолат ба шаҳри Бишкек, 15 ҳолат ба вилояти Норин, 2 ҳолат ба вилояти Чуй, 1 ҳолат Ӯш, 4 ҳолат Ҷалолобод ва 2 ҳолати нав миёни шаҳрвандоне сабт шудааст, ки аз Сол-Илетс баргаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар як шабонарӯзи охир 9 кас баъди шифо ёфтан аз бемористонҳои Қирғизистон рухсат ёфтаанд.

То 14 май дар Қирғизистон 1082 ҳолати гирифторӣ сабт шудааст, ки аз ин шумор 735 кас шифо ёфта, 12 тан фавтидааст.

Дар як рӯзи охир миёни кормандони соҳаи тиби он кишвар 6 ҳолати мубталошавӣ ба COVID-19 сабт гардидааст.

XS
SM
MD
LG