Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ ба таъхир гузошта шуд


Маросими ифтитоҳи Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ. Моҳи майи соли 2017. Боку, Озарбойҷон.
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ. Моҳи майи соли 2017. Боку, Озарбойҷон.

Бозиҳои панҷуми ҳамбастагии исломӣ, ки бояд соли 2021 дар Истамбули Туркия баргузор мешуд, мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISFS) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISFS), ки ин Бозиҳоро доир мекунад, онҳоро лағв намуд, зеро Бозиҳои олимпӣ дар Токио тобистони соли 2021 баргузор хоҳанд шуд.

Ин тасмимро ISFS дар ҷаласаи Шӯрои мудирон таҳти роҳбарии Шоҳзода Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал гирифтааст. Кумитаи тадорукоти Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ вобаста ба тақвими байналмилалии варзишӣ санаи навро муайян хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол ISFS раванди қабули аризаҳоро аз кишварҳое, ки мехоҳанд шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломиро дар соли 2025 баргузор намоянд, боз кард.

Таърихи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ:

2005 - Макка, Арабистони Саудӣ;

2009 (лағв шудааст) - Эрон;

2013 - Палембанг, Индонезия;

2017 - Боку, Озарбойҷон.

Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ моҳи майи соли 2017 дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку даҳ рӯз идома ёфт. Дар ин бозиҳо беш аз се ҳазор варзишгар аз 54 кишвар ширкат варзида, барои 269 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 21 намуд рақобат карданд.

Дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ дар ҳисоби умумумидастаӣ бо дарназардошти сифати медалҳо мунтахаби Озарбойҷон бо касби 162 медал (75 медали тилло, 50 нуқра ва 37 биринҷӣ) ҷойи аввалро ишғол кард. Мунтахаби Туркия, ки ҳамагӣ 195 медал (71 медали тилло, 67 нуқра ва 57 биринҷӣ) ба даст овард, дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мунтахаби Эрон бо касби 98 медал (39 медали тилло, 26 нуқра ва 33 биринҷӣ) ҷойи севумро азони худ кард.

Дар байни даҳгонаи беҳтарин, инчунин Узбекистон (15-17-31), Баҳрайн (12-5-4), Алҷазоир (7-12-21), Марокаш (7-5-15), Индонезия (6-29-23), Миср (6-5-7) ва Қирғизистон (4-5-8) дохил шуданд.

Умуман, варзишгарони 40 кишвар медалҳои Бозиҳои IV ҳамбастагии исломиро ба даст оварданд ва аз байни онҳо намояндагони 26 кишвар барандагони медалҳои тилло гардиданд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон бо 63 медал (15 медали тилло, 17 нуқра ва 31 биринҷӣ) дар ҷойи чорум, Қирғизистон бо 17 медал (4 медали тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи даҳум, Қазоқистон бо 19 медал (2 медали тилло, 5 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи чордаҳум ва Туркманистон бо 13 медал (2 медали тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷойи понздаҳум қарор гирифтанд.

Тоҷикистон бошад, бо 4 медали биринҷӣ пас аз Афғонистон, ки 6 медали биринҷӣ гирифт, ҷойи 36-умро касб намуд. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ аз рӯи ҳафт намуд – ҷудо, тирандозӣ, таэквондо WTF, волейбол (дастаи занона), вазнабардорӣ, гуштии озод ва варзишҳои зӯрхонаӣ – қувваозмоӣ намуда, танҳо дар як намуд - варзишҳои зӯрхонаӣ – бо медалҳо сарфароз гаштанд.

Наврӯз Арабов дар рақобатҳо дар навъҳои “санг” ва “мили сангин” соҳиби ду медали биринҷӣ гардид. Ду медали дигари биринҷиро Абдуалӣ Назаралӣ дар рақобатҳо дар навъи “чархи чаманӣ” ва Исмоил Сангов дар “каббода” ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии олимпӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, як медали тилло ва як медали нуқра ба даст овардаанд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо ВТФ дар вазни зери 54 кг бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

Бозиҳои II ҳамбастагии олимпӣ, ки бояд моҳи апрели соли 2009 дар Эрон доир мешуд, ба иллати мухолифат миёни Эрону кишварҳои арабӣ дар масъалаи номи халиҷи Форс, барпо нагардид.

Тоҷикистон дар Бозиҳои III ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи сентябри соли 2013 дар шаҳри Палембанги Индонезия доир шуд, ширкат надошт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG