Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории сардухтур Алихон Ҷонов баъд аз даргузашти собиқ роҳбари "Амонатбонк"


Алихон Ҷонов

Алихон Ҷонов, роҳбари беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар аз мақомаш барканор шудаст. Фармони барканории Ҷонов рӯзи 13-уми май содир шуда, ба ҷойи ӯ Шамсулло Олимов ба ин вазифа омад. Олимов то ин вақт сардори беморхонаи зидди силии вилояти Хатлон буд.

Миралӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ сабаби барканории Алихон Ҷоновро шарҳ надод ва танҳо гуфт, "зарурате пеш омад", ки ба вазифаи сардори беморхонаи вилоятӣ каси дигаро таъин кунанд.

"Алихон Ҷонов, духтури собиқадор аст, таҷрибаи хуб дорад ва хизматаш арзанда аст, вале зарур донистем, ки кор бояд беҳтар шавад ва мо дигар касро ба ин вазифа қабул кардем,"-афзуд Раҷабзода.

Аммо як мақоми беҳдоштӣ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, барканории Алихон Ҷонов аз вазифаи сардори беморхонаи клиникӣ ба марги Руҳулло Ҳакимзода, собиқ раиси "Амонатбонк" ва писари 25-солааш рабт дорад. Ҳакимзода рӯзи 11-уми май ва писараш як рӯз пеш аз ӯ дар ин беморхона даргузаштанд. Сабаби марги онҳо расман "пневмония" ё илтиҳоби шуш гуфта шуд, ҳарчанд бархе расонаҳо даргузашти онҳоро аз бемории COVID-19 гуфтанд.

Алихон Ҷонов, солҳои зиёде дар ин беморхона кор карда, бо ширкатҳои Аврупоӣ қарордоди сохтмони чанд бинои навро роҳандозӣ карда буд.

Беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидов, дар шаҳри Бохтар аз рӯзҳои аввали хуруҷи короновирус дар кишварҳои ҳамсоя қабули беморонро манъ карда, ба ҳолати қабули гирифторони короновирус омода мешуд. Дар ин беморхона зиёда аз 300 муҳоҷири тоҷик, ки аз Русия баргашта будаанд карантин шуда буданд.

Мақомоти беҳдоштии Хатлон гуфтанд, ҳоло маълум нест, ки Алихон Ҷонов ба чӣ вазифа таин мешавад.

Як мақоми дигари раёсати тандурустӣ гуфт, Карим Абдураҳимзода, сардори Раёсати санитарию эпидемиологи вилояти Хатлон ҳам рӯзи гузашта аз мақом барканор шудааст. Ҷаноби Абдураҳимзода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ барканориашро тасдиқ кард, вале нагуфт, ки ҳоло куҷо кор мекунад.

XS
SM
MD
LG