Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон фурудгоҳҳояшро ба ширкатҳои хусусӣ доданист


Фурудгоҳи Манас
Фурудгоҳи Манас

Вакили порлумони Қирғизистон Эмил Токтошев дар ҷаласа ҳангоми баррасии кори ҳукумати ин кишвар дар соли 2019 пурсид, ки лоиҳаи дар ихтиёри ширкатҳои хусусӣ гузоштани фурудгоҳҳо чи гуна пеш меравад.

Токтошев гуфт, ба назари ӯ, бо истифода аз таҷрибаи Тифлис ва Алмато фурудгоҳҳо бояд ба ширкатҳои хусусӣ дода шаванд.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев дар посух изҳор дошт, ки ин масъаларо ҳоло комиссияи байниидоравӣ баррасӣ дорад.

"Мо шарики байналмилалиеро интихоб хоҳем кард, ки бо машварат барои рушди фурудгоҳ беҳтарин ширкатро муайян менамояд. Бояд ширкати таҷрибадор интихоб шавад ва шартҳое гузошта шаванд, ки саҳмгузорӣ дар иқтисод ва таъмини сокинон бо ҷои корро дар пай дошта бошанд. Фурудгоҳ бояд рушд кунад ва шумори мусофирон афзоиш ёбад. Комиссия дар ин замина 6 моҳ кор кардааст ва моҳи май лоиҳа пешниҳод хоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Ҳукумати Қирғизистон бори дигар пешниҳод кард, ки идораи фурудгоҳҳо ба ширкатҳои хусусӣ дода шавад. Вазоратҳои иқтисод ва нақлиёти ин кишвар гуфтанд, ки ин масъала то охири соли 2020 ҳали худро хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG