Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз оқибатҳои сахти зуд бардоштани чораҳои эҳтиётӣ дар Амрико


Ню-Йорк, моҳи марти 2020
Ню-Йорк, моҳи марти 2020

Демократҳои Амрико дар Маҷлиси Намояндагон аз як бастаи дигари ёриҳо дар шароити коронавирус парда бардоштанд. Зеро мансабдорони соҳаи тандурустӣ аз зуд бекор кардани чораҳои эҳтиётӣ, дар ҳоле ки маргу мир дар саросари ҷаҳон аз 292 ҳазор гузаштааст, ҳушдор доданд.

Доктор Энтони Фоучӣ, коршиноси баландпояи бемориҳои ҳамагир дар Иёлоти Муттаҳида, ба Конгресс ҳушдор додаст, ки тез аз миён бардоштани чораҳои эҳтиётӣ аз коронавирус метавонад оқибатҳои сахтеро ба бор орад, аз ҷумла авҷи нави бемориро.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида кӯшиш дорад ин бемории ҳамагирро паси сар кунад.

Фоучӣ дар як нишасти Сенат гуфт, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дастурҳоеро барои қонунгузории маҳаллӣ дар бораи чӣ гуна бехавф сар кардани корҳо омода кардааст. Вай гуфт, камшавии пойдори ҳолатҳои нав дар давоми 14 рӯз як қадами муҳим буд.

Лоиҳаи қонуни 3-триллиондолларӣ, ки аз сӯи демократҳои Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шудааст, дар пасманзари нигаронии афзоянда дар бораи таъсири иқтисодии ин беморӣ метавонад вокуниши молиявии Конгрессро ба бӯҳрон дучанд кунад. Аммо тарҳ аз ҷониби ҷумҳурихоҳони Маҷлиси намояндагон рад карда шуд.

Дар саросари ҷаҳон, шаҳри Ҷилин дар шимолу шарқи Чин, рӯзи 12-уми май пас аз гузориш шудан аз шаш ҳолати нави коронавирус, равуои мусофиратиро кам кард.

Ҷилин ҳамчун сарчашмаи мавҷи нави беморӣ падид омад. Дар Русия мансабдорон беш аз 232,000 ҳолати коронавирусро тасдиқ карданд, ки шумораи онҳо аз Бритониё болотар аст.

Дар Итолиё, ки замоне маркази ин бемории ҳамагир дар Аврупо буд, мақомот гуфтанд, шумораи фавтидагони COVID-19 рӯзи 12-уми май ба 172 расидааст. Вале шумораи ҳамарӯзаи ҳолатҳои нав ду баробар шуда, аз 744 рӯзи пешина ба 1,402 расидааст.

XS
SM
MD
LG