Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо муҳоҷири узбек дар марзи Русия бо Қазоқистон дармондаанд


Муҳоҷирони узбек. 12-уми майи 2020
Муҳоҷирони узбек. 12-уми майи 2020

Садҳо муҳоҷири Узбекистон, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, аз 11 май дар марзи Русия бо Қазоқистон ҷамъ шудаанд. Онҳо аз мақомоти Нурсултон ва Тошканд ташкили роҳи транзитӣ тавассути Қазоқистон ба Узбекистонро дархост доранд.

Вале мақомоти Қазоқистон мегӯянд, то беҳбуди вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳои ҳамсоя марзҳои худро боз нахоҳанд кард.

Ин гуруҳи муҳоҷирони узбек дар гузаргоҳи марзии "Маштаково"-и вилояти Оренбурги Русия бо Қазоқистон дармондаанд. Онҳо мегӯянд, бо умеди боз шудани марзи Қазоқистон 11 май озими Узбекистон шуданд.

Як муҳоҷири узбек бо номи Фаррух мегӯяд, баъзе аз шаҳрвандони кишвараш беш аз 10 рӯз мешавад, дар гузаргоҳи "Маштаково" қарор доранд. "Гуфтанд, ки рӯзи 11 май гузаргоҳ боз мешавад, вале нашуд. Инҷо 400-500 кас ҷамъ шудааст. Ҳамаи дармондаҳо шаҳрвандони Узбекистонанд. Инҷо ҳудуди 100 мошин бо рақамҳои қирғизӣ низ буданд, вале ҳамаи онҳо гузаштанд", - афзуд ӯ.

Мақомоти Қазоқистон 7 май розӣ шуданд, ки барои баргашти беш аз 500 қирғизистонӣ ба ватан роҳи транзитиеро ташкил кунанд. Муҳоҷирони қирғиз тавассути автобусҳои махсус ва дар ҳамроҳӣ бо кормандони тиббӣ иҷозати убурро дарёфт карданд.

XS
SM
MD
LG