Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз истифодаи дастгоҳҳои русии нафасдиҳии сунъӣ худдорӣ кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Амрико дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии "Авента-М"-и истеҳсоли Русияро бармегардонанд.

Расонаҳо бо такя ба мақомоти Иёлоти Муттаҳида навиштанд, дастгоҳҳои мазкур дар беморхонаҳо истифода нашуда, дар анборҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар рӯзҳои охир дар беморхонаҳои Маскав ва Санкт-Петербург ду дафъа сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа шаш бемори гирифтори COVID-19 фавтид.

Ба иттилои ибтидоӣ, сабаби сӯхтор дастгоҳҳои "Авента-М" будаанд. Бо ҳадафи эҳтиёт мақомоти Ню-Йорк ва Ню-Ҷерсӣ дасгоҳҳои нафасдиҳии сунъии истеҳсоли Русияро ба Оҷонси федеролии Амрико дар умури танзими ҳолатҳои фавқулода бармегардонанд.

Дастгоҳҳои "Авента-М" дар корхонаи истеҳсоли дастгоҳҳои Урал сохта шудаанд. Мақомоти ИМА гуфтанд, дастгоҳҳои мазкурро дар аввали моҳи апрел бо васоили дигари тиббӣ дастрас карда буданд.

Кремл гуфт, дастгоҳҳои мазкурро ҳамчун кумаки башарӣ ба Амрико фиристод, вале дертар расонаҳо навиштанд, ки ИМА қисми бештари ин дастгоҳҳоро харидааст.

XS
SM
MD
LG