Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги пайиҳами полковники нирӯҳои марзбонӣ ва ҳамсараш дар Душанбе


Як полковник ё сарҳанги нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки бо шубҳаи коронавирус дар шифохонаи Қарияи Болои Душанбе бистарӣ шуда буд, рӯзи 11-уми май фавтидааст.

Манобеъ мегӯянд, Саидҷалол Сафарзода, раҳбари дастгоҳи нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 50 сол дошт. Ҳамсараш низ бо айни беморӣ даргузаштааст.

Пайвандонаш дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон хабари даргузашти Саидҷалол Сафарзодаро тасдиқ карда, гуфтанд, ҷасади зану шавҳарро зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн карданд.

Хуршеди Ҳамдам, раҳбари пешини дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе, ҳамсабақи донишгоҳии Саидҷалол Сафарзода, мегӯяд, "аз давраи донишҷӯӣ наздик будем. Ҳамсараш панҷ рӯз бемор шуда, даргузаштааст. Худаш ҳашт рӯз дар бемористон хобид. Инсони нек буд. Ҳамсараш бемории қанд низ дошт."

Саидҷалол Сафарзода соли 1970 дар деҳаи "30-солагӣ"-и ҷамоати Ватани ноҳияи Фархор таваллуд шуда, соли 1995 факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Вай баъдан ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ пайваста, то расидан ба раҳбари дастгоҳи нирӯҳои марзбонӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кор кардааст.

Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон рӯзи 13-уми май гуфт, Сафарзода ҳамагӣ ду моҳ пеш раҳбари дастгоҳи Сарраёсати нирӯҳои марзбонӣ таъйин шуда буд. "Аз он пеш ба ҳайси ёвари фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ кор мекард", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG