Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Ашраф Ғанӣ барои ҳамла ба гуруҳи Толибон ва ДОИШ


Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, дастур додааст, ки неруҳои амниятии кишвараш ба амалиёт бар зидди гуруҳи Толибон омода бошанд. Ин суханони роҳбари афғон як рӯз пас аз он садо доданд, ки силоҳбадастон ба як шифохона дар шаҳри Кобул ҳамла карда, бомбгузори маргталаб худро дар як маросими дафн дар вилояти шарқии Нангарҳор мунфаҷир кард.

Ҳамлаҳои хушунатбори рӯзи 12-уми май ҳаёти 40 нафарро аз байн бурданд. Ба хусус дар ҳамла ба шифохонаи занона 16 нафар ва аз ҷумла ду тифли навзод кушта шуданд.

Дар бомбгузории маргталабонаи вилояти Нангарҳор бошад 24 нафар кушта ва 68 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамлаҳо дар вилояти Нангарҳорро бар дӯш гирифт. Толибон даст доштан дар ин ҳамлаҳоро рад мекунанд.

Дар паёми телевизионии худ, Ашраф Ғанӣ гуруҳи Толибон ва ДОИШ-ро масъули ҳамлаҳои рӯзи 12-уми май ва ҳамлаҳои дигар дар саросари Афғонистон номида афзуд, ки ӯ ба нерӯҳои амниятӣ дастур додааст аз амалиёти дифоӣ ба ҳамла гузаранд.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши Толибон даъват кард, ки дар ҳамкорӣ масъулони ҳамлаҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд.

XS
SM
MD
LG