Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар натиҷаи ду ҳамла дар Афғонистон даҳҳо кас ҷон бохтанд


Дар натиҷаи ҳамла ба таваллудхонаи шаҳри Кобули Афғонистон рӯзи 12-уми май дасти кам 11 нафар кушта шуд, ки дар миёнашон кӯдакон низ ҳастанд. Ҳамчунин дар ин рӯз дар вилояти Нангарҳор низ ба маросими ҷанозае ҳамлаи маргталабона сурат гирифт, ки 24 кушта ва ҳудуди 70 захмӣ бар ҷой гузошт.

Як гуруҳи мусаллаҳ дар ғарби Кобул, ки асосан минтақаи шианишин аст, ба таваллудхона ҳамла кардаанд. Задухурд миёни ҷангҷӯён ва неруҳои ҳукуматӣ чандин соат идома ёфт. Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи ҳамла 14 кас бо шумули атфоли навзод ҷон бохта, 15 тани дигар захмӣ шуданд.

Се ҳамлагар кушта шуда, 80 занро бо тифлҳояшон наҷот додаанд.

Шоҳиди ҳодиса Ҷавод Амирӣ гуфт, яке аз ҳамлагарон дар тан либоси низомӣ ва дуи дигар либоси тиббӣ доштанд. Онҳо ба назди даромадгоҳи асосӣ рафта, ба самти одамон оташ кушодаанд.

Намояндагони расмии мақомоти Афғонистон гуфтанд, беморхона бо дастгирии созмони башардӯстонаи "Табибони бидуни марз" фаъолият мекард.

Намояндаи гуруҳи даҳшатафкани Толибон гуфт, ин ҳамла кори ҷангҷӯёни онҳо нест. Вақтҳои ахир ҳамлаи ҷангҷӯёни ҳам Толибон ва ҳам созмони даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ба низомиён ва сокинони осоишта дар атрофи Кобул афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG