Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ҷуброни хонаи сӯхтаро дар низои марзӣ бо Тоҷикистон медиҳад


Арзиши манзили зисте, ки дар натиҷаи як низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оташ гирифта буд, то ҳол муайян карда нушадааст. Мақомоти ду кишвар дар сатҳи вилоят дидору гуфтугӯ карда, ба созиш расиданд, ки нофаҳмиҳоро бартараф карда, миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Ин манзили зисти панҷҳуҷрагии хонаводаи Маҷидовҳо, ки дар деҳаи Кок-Тош, наздикии марзи Тоҷикистон воқеъ аст, 8 май оташ гирифт.

Раиси ноҳияи Бодканд Каланбек Маркаев, ки дар гуфтугӯи мақомоти ду кишвар иштирок дошт, гуфт, масъалаи пардохти ҷуброн ба соҳиби манзил баррасӣ мешавад.

"Дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар ҳузур доштанд. Ҳайати мо ба раҳбарии муовини раиси вилоят Жаркинбек Мақсудов ва ҳайати Тоҷикистон зери раҳбарии муовини раиси вилояти Суғд иштирок доштанд. Масъалаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон ва пешгирӣ аз низоъҳо баррасӣ шуд. Ҳама ҷонибдори эътидоли вазъ буданд. Масъалаи минтақаҳои баҳсӣ низ матраҳ шуд", - изҳор дошт ӯ.

Дар натиҷаи гуфтугӯҳо ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки ҷуброни манзили сӯхтаро Қирғизистон пардохт хоҳад кард. Ҳамчунин шаҳрвандони Қирғизистон муваққатан аз истифодаи чаҳор ҳектар замини баҳсӣ даст хоҳанд кашид.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба барангехтани муноқишаи мусаллаҳона дар рӯзи 8-уми май муттаҳам кардаанд.

Дар ин муноқиша, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ду шаҳрванди Тоҷикистон, се сарбоз ва як сокини оддии Қирғизистон ҷароҳат бардоштаанд. Вазоратҳои умури хориҷии ҳарду кишвар рӯзи 9-уми май яке паси дигар бо нашри баёнияи расмӣ гуфтанд, ки сафирони ҳамдигарро ба вазорат хонда ва нотаи эътирозӣ супурдаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хати марзро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.

Муноқишаи имсол дар замоне сурат мегирад, ки ду кишвар барои муқобила бо густариши бемории СОVID-19 даступо мезананд ва дар Қирғизистон ҳамсоя вазъи фавқуллода эълон шудааст. Дар Қирғизистон бештар аз 900 нафар ва дар Тоҷикистон бештар аз 620 нафар ба бемории нав гирифтор шудаанд.

XS
SM
MD
LG