Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Зуҳур Ёров, геологи шинохтаи тоҷик


Зуҳур Ёров
Зуҳур Ёров

Зуҳур Ёров, геологи шинохтаи тоҷик, рӯзи 12-уми май дар 82-солагӣ даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, ӯ чанд вақти ахир аз фишорбаландӣ ранҷ мебурд ва дар аввали моҳи апрел зукоми сахтеро паси сар карда буд.

Ба гуфтаи пайвандон, маросими видоъ бо Зуҳур Ёров дар манзилаш дар Душанбе баргузор шуда, ӯро дар оромгоҳи маҳаллаи "Калинин" дафн мекунанд.

Зуҳур Ёров соли 1938 дар деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, аз геологҳои шинохтаи кишвар буд. Ӯ академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон буд.

Ёров солҳои зиёд гурӯҳи ҷустуҷӯӣ-геологӣ дар Бадахшонро роҳбарӣ карда, сардори Иттиҳодияи сангҳои гаронбаҳо ва ороишии Помир буд. Ҳамчунин муаллифи достони "Таърихи Сайёра" аст.

Ёров солҳои ахир аз мушовирони аршади корхонаи алюмонийи тоҷик будааст. Вай пайваста ба ҳайси коршинос бо расонаҳо дар бораи сарватҳои табиии Тоҷикистон суҳбат мекард.

XS
SM
MD
LG