Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ҳамчун кишвари нозир шомили Иттиҳоди иқтисоди Авруосиё мешавад


Сенаторҳои Узбекистон рӯзи 11-уми май масъалаи ҳамкориҳои ин кишвар бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро баррасӣ карданд.

"Баъди баҳсҳои ошкор сенаторҳо пешниҳоди ҳукумати Узбекистонро дар бораи ширкат дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба ҳайси кишвари нозирро қабул карданд", - иттилоъ медиҳад маркази матбуотии палатаи болоии порлумони Узбекистон.

Ҷонибдорони шомил шудан ба ИИАО дар сенати Узбекистон гуфтаанд, ки шомил шудан ба ин созмон ҳаҷми савдои хориҷиро меафзояд, тарҳҳои бузурги сармоягузориро ҷалб мекунад, ҳамзамон имкон медиҳад, ки маҳсулоти кишоварзии Узбекистон ба кишварҳои узви ИИАО бидуни расмиёти гумрукӣ содир шавад.

Аммо мухолифони шомил шудан ба ин созмон гуфтанд, дар Узбекистон мумкин аст, ҳаҷми истеҳсоли бархе аз самтҳои иқтисод коҳиш ёбад, норасоии ҷойҳои корӣ ба миён ояд, равандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва муосирсозии саноат кунд шавад.

Рӯзи 28-уми апрел палатаи поёнии порлумони Узбекистон аз тарҳи шомилшавии кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба ҳайси нозир ҷонибдорӣ кард. Ҳамакнун танҳо имзои президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев кофист, ки он кишвар ҳамчун нозир шомили ИИАО шавад.

Дар айни ҳол Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия узви ин созмони таҳти нуфузи Кремл ҳастанд.

XS
SM
MD
LG