Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба сокинони осебдидаи Узбекистон ёрии башадӯстона фиристод


Қирғизистон рӯзи 11-уми май ба шаҳрвандони Узбекистон, ки дар пайи рахна шудани садди обанбори Сардобин зиён дида буданд, кумаки башарӣ ирсол кард.

Ин кумакҳо дарбаргирандаи 1000 тона семент, 100 тона биринҷ ва 10 тона равғани растанӣ ҳастанд.

Дар натиҷаи рахна шудани садди обанбори Сардобин дар ноҳияҳои Сардобин, Акалтин ва Мирзоободи Узбекистон бештар аз 71 ҳазор сокин ба ҷои амн кӯч дода шуданд. Хабар дода мешавад, ки 10-уми май онҳо ба манзилҳояшон баргаштанд.

Дар натиҷаи рахна шудани обанбор, ки рӯзи 1-уми май рух дод, дар ноҳияи Мақтаарали Қазоқистон ҳам 845 манзил зери об монд. Ҳамчунин 7639 га замини кишоварзӣ хароб шуд. Дар Қазоқистон низ зиёда аз 30 ҳазор кас ба ҷои амн кӯч дода шуд.

XS
SM
MD
LG